Arzon march 2024
Устодони Донишгоҳи миллӣ соҳиби хона шуданд
909

 

Дар маросими расмии супоридани калиди манзилҳои нав ба соҳибонашон Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири мамлакат, Лутфия Абдухолиқзода, муовини вазири маориф ва илм, Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Тавре хабар доданд, ки 30 устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хонаҳои нав шуданд.

Қобилҷон Хушвахтзода, ректори донишгоҳи мазкур зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бинои хобгоҳи донишҷӯёнро пурра аз таъмир бароварда, ба омӯзгорони эътиёҷманд месупорад. Собиқ хобгоҳи рақами яки донишгоҳ, ки дар кӯчаи маъруф ба номи Нахимова қарор дошт, тармиму таҷдид гардида, ба бинои истиқоматӣ табдил ёфт.

Гуфта мешавад, ки аз таҳхона то ҳамаи ошёнаҳои бино азнавсозӣ гардидаанд. Хонаҳо якҳуҷрагиву дуҳуҷрагии васеъ буда, бо шароити ҳамаҷониба таъмин мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД