Имрӯз дар арафаи 93-солагии таъсиси Радиои Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёр Қутбиддинов, профессор Ҷовид Муқим, мудири кафедраи ВАО-и чопии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия профессор Шариф Муллоев ва дотсенти кафедраи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат Олимҷон Салимзода бо нишони сарисинагии "Аълочии телевизион ва радио" қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора Зафар Аскар, устоди факултети журналистикаи ДМТ дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.
Воқеан, нақшу мақоми устодон дар рушди соҳаи телевизион ва радиои кишвар, тарбияи кадрҳои боҳунару ихтисосманд ва муҳаққиқони соҳа хеле барҷаста аст.
“Ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ, дастгирӣ дар таъсиси радио ва телевизиони Донишгоҳи миллӣ, таваҷҷуҳ ва қадрдонии устодон як ҷаҳон сипос мегӯем”, - навиштааст Зафар Аскар.
Аз идора: Мо аҳли эҷоди сомонаи "Оила" устодони гиромиро ба муносибати қадрдонӣ шуданашон бо нишони сарисинагии “Аълочии телевизион ва радио” самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ ва дастовардҳои нав ба нави илмиву эҷодиро таманно дорем.