Гавҳар Мирҷумаева - Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди рақс, роҳбари ансамбли рақсии "Зумрад"-и шаҳри Исфара аз олам даргузашт.
Ба наздикон, дӯстон ва шогирдону ҳамкоронаш дар таҳаммули дарди фироқ шикебоӣ мехоҳем!
Худованд муаллимаро раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад. Ба пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонем.
Гавҳар Мираброровна Мирҷумаева (тав. 7.07.1942, шаҳри Тошканд) - раққоса ва балетмейстери Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1978).
ЗИНДАГИНОМА
Г. Мирҷумаева cоли 1979 шуъбаи режиссёрии ДДСТ ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. Соли 1957 дар Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон иштирок намуда, аз ҳамон сол раққосаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира Камоли Хуҷандии Хуҷанд). Солҳои 1965-72 раққоса, 1971-1972 сарбалетмейстер ва солҳои 1979-1980 саррежиссёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1982-1986 роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Фирӯза». Аз соли 1986 сарбалетмейстери ансамбли фолклорию этнографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар як вақт муаллимаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе. Рақсҳои Гавҳар Мирҷумаева ҷаззобу пурназокатанд. Репертуари Мирҷумаева аз рақсҳои халқҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ («Муноҷот», «Гулъузорам», «Шодиёна», «Нағорабазм», «Бадахшон»); ӯзбекӣ, ҳиндӣ, арабӣ, сейлонӣ, ӯйғурӣ ва ғ. иборат буданд. Ӯ дар чанд филми истеҳсоли «Тоҷикфилм» ширкат намудааст. Ба мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Афғонистон (1961), Канада, Покистон (1967), Австрия (1981), Сурия (1981) ва ғ. сафари ҳунарӣ кардааст. Бо Грамотаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.