Усмон Дембеле - футболбози дастаи “ПСЖ” ва тими милии “Фаронса” аввалин ҷоизаи боарзиштарини худ - “Тӯби тиллоӣ”-ро шаби гузашта ба даст овард.
Усмон Дембеле 15-уми майи соли 1997 дар Фаронса таваллуд шуда, айни ҳол 28 сол дорад. Ин футболбози фаронсавӣ беҳтарин бозингари мавсими гузашта дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки Дембеле соли 2018 барандаи “Ҷоми Ҷаҳон” шуда буд.