Arzon march 2024
Уштурҳо ботокс ва татуаж мекунанд?!
1040

Уштурҳо ботокс ва татуаж мекунанд?!
Беш аз 40 адад уштурро дар Арабистони саудӣ бо сабаби он ки бо усули ботокс, таранг кардани пӯсти бадан, барҷаста намудани мушакҳо бо истифодаи ҳормонҳо зебо карданӣ буданд, аз озмуни уштурҳои зебо хориҷ карда шуданд. Дар озмуни уштурҳои шоҳ Абдул Азиз маълум гардид, ки қаллобон аз амалиётҳои гуногуни косметикӣ истифода бурда, ба чашми ҳакамон хок пошидан мехостанд. Бояд қайд намуд, ки дар озмуни мазкур шакли сар ва думҳо, инчунин гардан ва тарзи истодани уштурҳо ба назар гирифта мешавад. Барои ба даст овардани 66 миллион доллар даҳҳо нафар иштирокчиёни озмун бо истифода аз амалиётҳои сунъии косметикӣ ба мақсад расидан мехостанд, вале тирашон хок хӯрд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД