Formula novemver 2024
Ҳушдори КҲФ: Хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад!
06.01.2025
ОИЛА.ТҶ
266

- Боришоте, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи он ҳушдор дода буд, боиси фаромадани тарма гардид. Офат ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ сохт,- хабар медиҳад КҲФ.

Бино ба иттилои манбаъ, дар километри 31-уми шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз ҳудуди шаҳраки Барҷири ҷамоати деҳоти ба номи А. Замирови ноҳияи Ишкошими ВМКБ мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуда, дар ҳоли ҳозир як қитъаи ин ҷода аз ҷониби неру ва воситаҳои хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт тоза карда шудааст.

- Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, шимоли вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад,- меафзояд манбаъ.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват намудааст, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд, то ҳадди имкон аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарноки роҳҳо худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД