Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27-28-уми сентябри соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо эҳтимол дорад.
Дар ҳамин иртибот КҲФ ба сокинон муроҷиат кардааст, ки қоидаҳои амниятиро риоя намоянд. Барои пешгирӣ аз вуруди оби сел ба хонаҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву сангу рег тоза кунанд.
- Рафтани ба шикоргоҳҳо, чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ маслиҳат нест. Ба ронандагон ва дӯстдорони шуғли кӯҳгардӣ хотиррасон мекунем, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд,- таъкид мекунад манбаъ.