sebiston july new
Ҳушдори КҲФ ба сокинон: Фарзандонатонро беназорат нагузоред!
238

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сар задани нохушие дар минтақаи Рашти кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 21-уми апрели соли 2024 наздик ба соати 10-и субҳ як сокини 12-солаи Ҳоити ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт барои ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳе равон шудааст, ки дар наздикии деҳа ҷой гирифтаааст. Аз сабаби он ки баъди боронҳои пуршиддат замин дар кӯҳҳо лағжонак шуда будааст, ин писарак сахт мелағжиа ва аз баландии 40 метр ба поён сарозер мешавад. Дар натиҷаи бархӯрдҳои сахт ба сангу реги кӯҳ ӯ ҷароҳатҳои зиёд бардошта, дар бемористон ҷони худро аз даст додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли хонавода, пайвандони ин ноболиғи ҷонсупурда изҳори тасаллият карда, ҳамзамон аз сокинон хоҳиш намудааст, ки фарзандонашонро беназорат нагузоранд, тани танҳо ба кӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезуму дорувор ё моҳидорӣ ба соҳили обҳо нафиристанд.

- Бахусус рӯзҳои борониву баъди борон рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо хатарнок аст,- огоҳ кардааст КҲФ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД