Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзи 22-октябр ҳаво дар кишвар якбора номусоид шуда, борони шадид меборад.
Тавре агентии мазкур хабар додааст, дар баъзе ноҳияҳои назди кӯҳӣ ва кӯҳӣ борони шадид, дар кӯҳҳо бошад, барф меборад.
Таъкид шудааст, ки бар асари боришот баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон Ёхсу, Қизилсу имкон дорад.
Ҳарорати ҳаво бар асари боришот якбора паст мешавад. Мувофиқи маълумоти агентии обу ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 22-юм ва 23-юми октябр ҳарорати ҳаво якбора аз 7 то 12 дараҷа поин меравад.