Formula september
Ҳушдор ба муҳоҷироне, ки дар Русия кору зиндагӣ карданианд
690

Ҳушдор ба муҳоҷироне, ки дар Русия кору зиндагӣ карданианд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки мақомоти корҳои дохилии Русия мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷиро сахттар карда, далелҳои напардохтани пешпардохти патент, нагузаштан аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт ва дигар қонуншиканиҳоро ҷиддӣ месанҷад.

Гуфта мешавад, ки тибқи тағйироти охир ба қонунгузории ин кишвар дар соҳаи муҳоҷират шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилии ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки дар бораи аз қаламрави кишвар ба таври маъмурӣ хориҷ кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд қарор қабул кунанд.

Ҳамзамон, тибқи ин тағйирот муҳлати иҷозати будубоши муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки бо тартиби бидуни раводид омадаанд, аз 1 январ то 31 декабри соли 2025, дар маҷмӯъ, дар давоми соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Русия бояд корти муҳоҷиратро бо забони русӣ ё бо ҳарфҳои лотинӣ мувофиқи маълумоти дар шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият буда пур кунад.

Ба таъкиди Вазорати меҳнат, шаҳрванди хориҷӣ вазифадор аст, ки дар бораи ба кор қабул шудан ба мақомоти корҳои дохилӣ огоҳинома пешниҳод намояд. Пешниҳод накардани чунин огоҳинома боиси бозхонди патент мегардад.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат ё Намояндагии он дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират муроҷиат намояд.

Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар суроғаҳои зерин ҷойгиранд:

Минтақаи марказӣ (вилояти Москва)

1. Азимӣ Дилрабо Амиркул + 7 (495) 967-98-44 [email protected]

2, Вализода Назарали Нурали +7 (967) 271-02-02 [email protected]

3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 [email protected]

4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 [email protected]

5. Дустов Комрон Сайдахмадович+7 (988) 676-00-00 [email protected]

6. Амирхонзода Субхон Бахрон +7 (966) 031-22-22 [email protected]

7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 [email protected]

Минтақаи Урал ва Сибир

Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11 [email protected]

Минтақаи Приволжск

Курбонализода Зафар Курбонали +7 (926) 311-52-53 [email protected]

Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)

Ҷаҳонмаҳмадов Фурӯзон Фархудинович

+7 (977) 963-25-69 [email protected]

Минтақаи Ҷануб (Краснодар)

Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 [email protected]

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД