Аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи гуногун ширкат варзида, таваҷҷуҳ ба иштирок дар чунин сабқатҳои фанниву илмӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст. Воқеан баъзеи ин олимпиадаҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гашта, имкони нишон додани донишу малака ва гирифтани имтиёзҳо барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро фароҳам меоранд ва ҳамчун дастоварди илмӣ шинохта ва қадр карда мешаванд, вале...
Мутаассифона, бо истифода аз нуфузи олимпиадаҳои байналмилалӣ як қатор ташкилотҳои тиҷоратӣ ва сайёҳӣ “олимпиада”-ҳоеро, тарғиб мекунанд, ки ҳадафи асосии онҳо танҳо тавсеаи тиҷорати худ аст. Чунин “олимпиада”-ҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф нагардида, ба ғолибони онҳо ягон имтиёз пешбинӣ нагардидааст. Чунин чорабиниҳои сатҳи пасти ташкиливу илмиро “олимпиада” ва ғолибият дар онҳоро “дастовард” шуморидан ғайри имкон аст.
Аз ин рӯ, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз тамоми падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми интихоби олимпиада эҳтиёткор бошанд.
“Пеш аз иштирок, боварӣ ҳосил намоед, ки кумитаҳои тадорукоти ин чорабиниҳо аз аккредитатсия гузашта, эътибори байналмилалӣ доранд ва олимпиадаҳои баргузорнамудаи онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва барномаҳои таълимии кишвари мо мувофиқат мекунанд. Нагузоред, ки ташкилотҳои тиҷоратӣ талоши муваффақияти шуморо барои манфиатҳои молии худ истифода баранд. Вақт, неру ва маблағи худро сарфа намуда, олимпиадаҳоеро, ки барои иштирок дар онҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, интихоб намоед”,-омадааст дар хабар.