Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода имрӯз ва фардо яъне 16-17 уми май ҳавои номусоид ба амал омада, чангу ғубор атмосферраро пур мекунад.
Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар расонида мешавад, ки бо сабаби тағйири обу ҳаво дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои олуда бо гарду чанг дар назар дошта шудааст.
Хокбориш ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарб ва ҷанубии ҳаммарз бо кишвари мо ворид мешавад.
Ба ҳамаи нафароне, ки аз бемории қалб ва роҳҳои нафас азият мекашанд, тавсия дода мешавад, ки дар ҳавои гардолӯд аз сайру гашт ва сафарҳои дуру дароз худдорӣ намоянд.