Ҳусейн Ализода “Муаллими сол” шуд
76

Ба ифтихори Рӯзи муаллимон санаи 4-уми октябр дар Кохи Суруш маросими тантанавии ҷамбасти озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими сол-2025” баргузор гашт.

Дар озмун омӯзгорони зиёде аз гӯшаву канори гуногуни кишвар иштирок доштанд, вале унвони пуршарафи “Муаллими сол-2025” насиби Ҳусейн Ализода, омӯзгори фанни биологияи Литсейи ба номи Умари Хайёми шаҳри Душанбе гашт.

Ҷоизаи “Муаллими сол-2025” ба Ҳусейн Ализода дар шароити тантанавӣ супурда шуд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, ба Ализода мукофот дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ супурда шудааст.

Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj Ҳусейн Ализодаро бо дарёфти ҷоизаи арзишманди “Муаллими сол-2025” сидқан муборакбод гуфа, дар симои ин омӯзгори донишманд ба тамоми муаллимон сари баланду рӯйи сурх ва дар тарбияи насли наврас комёбиҳои назаррас орзу доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД