Маҳсулоти лозима:
Қурут ё чакка, равғани зард (маска) гӯшт, пиёз, орд, об, нарак ва кабудӣ.
Тарзи таҳия
Аввалан аз орд, об, намак ва равғани зард барои фатир пухтан хамир мешӯрем. Хамирро тунук карда, ба ҳар як қабаташ равған мемолем. Фатирро дар тафдон-духовка пухта, мемонем каме хунук шавад.
Дар ин миён гўштро майда-майда реза карда, бо пиёз дар равғани тасфон мезирбонем.
Пас аз ин фатирро дар табақи калони чӯбин майда карда, аз болояш чакка ё ҷурғотро об карда мерезем, баъд гӯшту пиёзи сурхкардаамонро дар болояш рехта ба дастурхон мегузорем. Қурутоби гӯштӣ хӯроки серғизо буда, дар фасли сарди зимистон ба аҳли оила қуввату дармони нав мебахшад.