Маҳсулоти қурутоб:
Чакка - 400 грамм
Пиёз - 2 дона
Помидор, бодиринг - 2-3-донагӣ
Кабудӣ (укроб, гашнич, пиёзи сабз)
Равғани маска - 50 грамм
Намак - 5 грамм
Маҳсулоти лозима барои самбӯса:
Орд - 6 истакон
Об - 500 мл
Равғани маска - 200 грамм
Равғани гов ё хазар
Маҳсулоти қимма:
350 грамм - гушт
450 грамм - пиёз
50 грамм - равғани растанӣ
Намак, зира, мурч, кунҷид
Тарзи таҳия:
Дар зарф орд, равған, намакро якҷоя карда, хамир мешӯрем, баъд зуволаҳоро ба ду қисм тақсим карда, мемонем 20 дақиқа дам гиранд. Дар ин миён барои қимма пиёзро реза карда, дар зарф мегирем ва қиммаи гӯшт, 4-5 қошуқ равғани растанӣ, намак, зира, мурч илова карда, омехта мекунем. Зуволаҳо, ки дам гирифтанд, тунук мекунем ва маргарин ё равғани говро об карда, ба болои зуволаҳо мемолем. Зуволаи дуюмро низ тунук карда, ба болои зуволаи якум мегузорем ва ҳардуро бо ҳам часпонида, равған мекунем. Зуволаро мисли рулет мепечонем ва бо корд мебурем. Пас аз ин зуволаҳоро тунук мекунем, мебурем ва қиммаро дар байнашон гузошта мепечонем.
Ба қолаб равған молида, ба он коғази пергамент тунук мекунем, баъд самбӯсаҳоро чида, ба болояшон зардии тухм мемолем ва кунҷид ё сиёҳдона мепошем. Самбӯсаҳоро дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа то сурх шуданашон пухтан лозим аст.
Дар табақи калон чаккаро об мекунем ва самбӯсаҳои пухташударо дар он реза мекунем. Помидор ва бодирингро реза карда, ба болояш тунук мекунем ва равғанро об карда аз болояш мерезем.
Бо иштиҳо бошед!