Домуллои муҳтарам. Ба як саволам мехоҳам посух гирам. Оё дар ҳолати такя ё ғелида хондани сураҳои Қуръон дуруст аст?
Абдуллоҳ Исломов
Бародари азиз, дар ҳолати ба паҳлу такя карда ва ё ғелида хондани сура дуруст нест, зеро яке аз одоби хондани Қуръон нишаста ва рў ба қибла тиловат кардан аст. Вале агар зарурате ба сабаби беморӣ ё узри дигаре пеш ояд, дуруст аст.