Ман дар мактаби русӣ хондаам, аз ҳамин хотир, баъзе калимаҳои адабии тоҷикиро намефаҳмам.
Мехостам донам, ки агар одам китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбарро бо забони русӣ хонад, гунаҳкор мешавад ё савоб мегирад?
Дилноза, ш. Душанбе
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз! Суханони Худо ва Пайғамбар (с) бо кадом забон ё ҳарфе, ки навишта нашуда бошанд, лоиқи эҳтиром буда, хондану омӯхтанашон савоб аст. Минбаъд кӯшиш намоед, ки хондани китоби муқаддаси Қуръонро бо забони аслаш биомӯзед.