Оё дар масҷид Қуръон хондан мумкин аст? Агар мумкин бошад, бо овози паст хонда шавад ё бо овози баланд? Боз дар масҷид дар кадом ҳолатҳо Қуръон хондан мумкин нест.
Соҳиб, ш. Душанбе.
Дар масҷид хондани Қуръон равост, чӣ бо овози баланд бошад ва чӣ бо овози паст. Аммо агар мардум ба хондани намоз ё зикр машғул бошанд, Қуръон бо овози паст хонда шавад, то дар намози мардум халале пеш наояд. Дар вақти хутба хондани имом Қуръон хондан макруҳ аст.