Фоҷиаи қисмат
Салима сӣ сол дошт, ки шавҳараш ба садамаи автомобилӣ афтида ҳалок шуд. Бо чор духтар, ки калонияш даҳсола буд, дар нимароҳи тақдир монд. Ҳарчанд пайвандони худашу шавҳараш ёрияш медоданд, вале худашро ҳамеша муҳтоҷу ҳақиру нотавон эҳсос мекард. Аз марги ҳамсараш шаш моҳ гузашту ў духтараконашро дар ҳавлияки канори шаҳр танҳо гузоштаву дарвозаро аз болояшон қуфл зада, коркобӣ баромад, аммо барои ў як ҷавонзани то синфи нўҳ хонда, кор аз куҷо?! Дид, ки намешавад, пеши дарвозаи ҳавлияш як мизи кўҳнаякро гузошта, ба фурўхтани ҳар гуна ашё сар намуд. Духтаронаш ёвараш буданд, оҳиста-оҳиста дар як гўшаи бозори назди хонааш ҷо гирифт ва ҳамин хел савдоро ба тамоми нозукиҳояш аз худ намуда, маѓозаеро ба иҷора гирифта, аз Бишкек либосҳои занона оварда мефурўхт. Духтаронаш акнун қадрасу дар ҳар кори модар ёригар буданд, аммо Салима танҳо духтари калонияшро ҳамроҳаш мегирифт, хурдиҳо кори хонаро ба анҷом мерасониданд. Зани покдоману ҳалолкор, ки буд, оҳиста-оҳиста кораш барору равнақи тоза мегирифту даромадаш бештар мегашт. Худаш, ки дар зиндагӣ азоби зиёд кашида буд, чор духтарашро ҳамеша таъкид мекард, ки хонанду оянда барои худашон чизе шаванд ва духтаронаш низ хеле хуб мехонданд…
Шикасти армони модар
Зиндагӣ мисли дарё равон буду духтараконаш пайи ҳам мактабро хатм карда, ба донишгоҳҳои бонуфуз дохил шуданд. Чун духтарони бо ақлу тамиз ва ҳунарманд буданд, хостгоронашон аз мўйи сарашон зиёдтар буд. Соро, Сабрин, Сумая ва Сурайё ифтихори модар буданд ва Салима ба хостгорон мегуфт, ки то диплом нагиранд, духтаронамро ба шавҳар намедиҳам ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Салима хонаҳои кўҳнаашро фурўхта, дар як мавзеи зебои пойтахт ҳавлии зебое сохт, зеро мехост, ки духтаронашро аз хонаву дари наву зебо тўй карда барорад. Ҳарчанд ў ҳаёту зиндагияшро сарфи духтаронаш карда бошад ҳам, медид, ки онҳо маҳзуну хастаанд. Аз ин рў, мехост онҳо назди шавҳарҳои ояндаашон бепадарияшонро эҳсос накунанд. Духтаронаш донишгоҳро пайи ҳам хатм мекарданду Салима бо хурсандӣ онҳоро ба хонаи бахташон гусел мекард. Охирин духтараш Сурайёро ба шавҳар дода, нафаси сабук кашид. Синнаш ба панҷову ҳафт расида буд, вале ҷавону зебо метофт. Тӯли ҳамин қадар солҳо харидорони зиёде дошта бошад ҳам, ба ягон нафар иҷозати ворид шудан ба зиндагияшро намедод, зеро намехост марди бегонае фармонравои духтаронаш гардад. Аммо марде буд, ки ҳамеша аз аҳволаш мепурсиду мегуфт, ки дўстат медорам. Салима тӯли понздаҳ сол гап доданҳои Аминҷонро одат карда буд ва боре ба шухӣ ба ў гуфт, ки то духтарҳоямро ба шавҳар надиҳам, шў намекунам…
Ишқи пирӣ
Аминҷон омўзгори донишгоҳ буду мизоҷи ҳамешагии маѓозаҳои Салима, чун аз тўйи Сурайё бохабар шуд, дигар ҳар рўз занг мезаду хушгўӣ мекард. Беҳуда намегўянд, ки зан бо гўшҳояш дўст медорад ва оҳиста-оҳиста Салимаи сангинирода бо ин марди зану кўдакдору соҳиби набера ошиқ шуд. Салима намедонист, ки Аминҷонро зебоиву покизагӣ не, балки чизу чорааш ошиқ кардаанд. Мард гумон дошт, ки Салима духтаронашо ба шавҳар додаасту акнун дар ҳавлии калону бошукўҳ танҳо зиндагӣ дораду дилашро ба даст овада, аз ҳисоби ў хўрда гаштан мумкин аст. Салима бошад, гумон дошт, ки дами пирӣ бахташ хандидаву марди фарҳангиву хушсухану зебо ба вай ошиқ шудааст. Соро, духтари калонияш аз ин навгониҳои ҳаёти модараш хабар дошту модарашро талқин мекард, ки ба таклифи Аминҷон розӣ шавад. Дар як нишасти рў ба рў Аминҷон ба Салима гуфт, ки ман зану ду писар дорам, дар як хонаи чорҳуҷрагӣ бо ду келину набераҳо умр ба сар мебарам. Занам хонуми хубест, вале бемор аст, аз ин рў мехоҳам зани дуввум гирам. Ростӣ, ҷавонзанҳои зебо зиёданд, ки хушомад мезананду зори як ҳарфи хушам, аммо ман туро дўст доштам. Барои ман муҳим он аст, ки зан маро фаҳмад, ҳурмат кунад, чизи зиёдатӣ талаб накунад. Салима фаҳмид, ки Аминҷон барои чӣ ўро интихоб кардааст, зеро тӯли ин солҳо ў хеле одамшинос шуда буду аз як гап аллакай мефаҳмид, ки ҳамсўҳбат аз ў чӣ мехоҳад?!
Салима зани зебо буд, аммо дар симояш осори пирӣ ҳувайдо буд аз ин рў, мехост пеш аз ба шавҳар баромадан қиёфаву ҷисми худро каме ба «ифоқа» биёрад ва ба Аминҷон ваъда дод, ки баъди ду-се моҳ никоҳ карда, ба зиндагӣ оѓоз мекунанд. Ба ман аз ту чизе лозим нест, ҳавлии калонро ба ихтиёри фарзандонам мегузорам, бигузор рўзҳои шанбею якшанбе омада, бо фарзандонашон истироҳат карда раванд. Ману ту дар хонаи маркази шаҳр будаамон зиндагӣ мекунем. Аммо ин таклифи зан ба Аминҷон маъқул наафтиду гуфт:
- Ман мехоҳам дар ҳавлӣ дар ҳавои кушод як нафаси осуда кашам, ҳавои хонаҳои баландошёна дар бадам задааст. Салима ҷуз розӣ шудан илоҷ надошт, гўё зан мегирифта бошад…
Қурбонӣ
Салима баъди ин гуфтугў аз пайи зебоии худ шуд, ҳарчанд зани намозхону покдомане буду медонист, ки ҷароҳии пластикӣ ин ношукрӣ назди неъматҳои ато намудаи Худованд аст. Ў ҳама чизро дошт, зебо ҳам буд, аз саломатияш шикоят надошт, аммо беҳуда нагуфтаанд «Ишқи пирӣ гар биҷунбад, сар ба расвоӣ барад»…
Ҷароҳии аввал аз кашидани пўсти рўю гардан ва ворид намудани ботекс ба ҷойи чинҳои чуқур хеле хуб гузашт. Ба Аминҷон чеҳраи тару тозаи Салима писанд омаду хеле таърифаш кард. Зани ба доми ишқ афтода хост тариқи ҷарроҳӣ аз равѓани шикамаш халос шавад. Ҳарчанд духтаронаш гуфтанд, ки “оча, ту он қадар фарбеҳ нестӣ, даркор нест, хубтараш машқ кун”, аммо Салима боз зери теѓ рафт. Ин дафъа ҷарроҳӣ хуб нагузашту ба саломатии зан таъсири хеле бад гузошт, ҷойи изи ҷарроҳӣ зуд-зуд зардоб мегирифту месухт ва мехорид ва оқибат Салимаро аз пой афтонд. Аминҷон, ҳатто аз аҳволаш намепурсид, хабараш намегирифт, танҳо дами марг Салима дарк кард, ки чӣ хатои бузурге кардааст…
Рўзи марги ин зани зебову даст ба хайру порсо, ҳама мегиристанд. Чор домод аз чор гўшаи тобуташ бадошта, ўро ба хонаи охират гусел намуданд, танҳо духтаронаш медонистанд, ки чаро очаи аз бахт маҳрумашон худашро ба дастони худаш кушт. Ин қурбониҳо дар ҷустуҷўи бахт буданд…
Нисо