1xbet
Қурбонӣ ва савоби он
06.06.2025
Oila.tj
65

Сомонаи Oila.tj кулли ҳамватанони азизро бо фарорасии Иди Қурбон самимона муборакбод гуфта, таманнои онро менамояд, ки Аллоҳи меҳрубон хайру саховати ҳар яки шуморо ба даргоҳаш қабул карда, савоби онро як бар сад ба соҳибони хайр баргардонад.

Иди Қурбон яке аз идҳои муҳимтарин дар оини Ислом ба шумор рафта, баъд аз 70 рӯзи Иди Рамазон, дар рӯзи 10- уми моҳи қамарии Зул-Ҳиҷа ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз бандагони мусалмон гов, гӯсфанд, уштур ва дигар ҳайвоноти ҳалолро, ки барои қурбонӣ кардан мувофиқанд, дар роҳи офаридгор қурбонӣ мекунанд.

Калимаи “қурбонӣ” аз забони арабӣ الأضحى гирифта шуда, маънояш наздикӣ, қаробат мебошад. Қурбонӣ дар давраҳои аввали пайдоиши ислом асосан барои ҳоҷиёне фарз буд, ки ба тавофи Каъба меомаданд, вале баъдан қурбонӣ кардан дар байни тамоми мусалмонон расм шуд. Ҳоло зоирине, ки ба зиёрати Каъба мераванд, дар рӯзи даҳуми ҳаҷ гӯсфанд ё уштур қурбонӣ мекунанд.

Аслан, маросими Қурбонӣ пеш аз ислом низ дар байни қабилаҳои араб ва яҳудиён вуҷуд дошт. Мувофиқи ривояти Таврот Ҳазрати Иброҳим барои нишон додани садоқати худ ба Худованд, писараш Исмоилро қурбонӣ карданӣ шудааст, вале Худои меҳрубон ба ҷойи Исмоил гӯсфандеро барои қурбонӣ мефиристад ва Иброҳимро аз қурбон кардани фарзандаш боз медорад.

Хулоса, мақсад аз қурбонӣ кардан молеро фидо кардан дар роҳи Аллоҳ ва ба ҳамин васила нишон додани садоқати худ ба Худованд мебошад. Қурбонӣ кардан амали хайр буда, гӯши моли қурбониро пеш аз ҳама ба ятимон, маъюбон, занҳои бешавҳар, пирони танҳо ва умуман оилаҳои бесаробону одамони муҳтоҷ тақсим кардан лозим аст, то ки савоби он ба шахси хайркарда бирасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД