Arzon march 2024
Қурби пули русӣ поён рафт, муҳоҷирон чӣ кор кунанд?
895

Салом! Насим ҳастам аз ноҳияи Рӯдакӣ. Қатори дигар мардони тоҷик ман ҳам ҳар сол ҳамроҳи бародаронам ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар сохтмон кор мекардем ва ризқу рӯзии аҳли оилаамонро меёфтем. Ба ҳамагон маълум аст, ки кори сохтмон ниҳоят душвор буда, на ҳар кас ба он тоб меорад. Ростӣ ба хотири маблағи хуб доштанаш мо ба ҳама душвориҳои кори сохтмон тоқат мекардем, вале якбора қурби пули русӣ ниҳоят паст шуда, ҳосили заҳматамон қариб, ки ба сифр баробар шуд. Бо ҳамин сабаб ману бародаронам ба Ватан баргаштем. Як бародарам кафшергар ва дигараш ронандаи кран аст, худи ман бошам, устои арматурбанд ҳастам. Чанд рӯз қабл ба сомонаи Oila.tj ворид шудам ва чашмам ба як мавод афтид. Дар он гуфта мешуд, ки нерӯгоҳи “Роғун” ба коргар ниёз дорад ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргаштаро низ ба кор қабул карда, музди меҳнати хуб медиҳад. Барои фаҳмидани шарту шароитҳои корӣ дар ин нерӯгоҳ ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст? Илтимос, дар ҳамин бора каме маълумот диҳед, чунки қурби пули русӣ торафт поён рафта, муҳоҷирони тоҷик ба Ватан баргашта истодаанд ва мисли мо ба кор ниёз доранд.

Насим аз н. Рӯдакӣ

Дар ҳақиқат Нерӯгоҳи обӣ-барқии “Роғун” ниёз ба қувваи корӣ дорад.

Тавре ки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, дар ин нерӯгоҳ барои кормандон шароитҳои хуби корӣ фароҳам оварда шуда, музди меҳнат низ баланд аст.

Муҳоҷирони ба Ватан баргашта метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи шарту шароитҳои корӣ ва пайдо кардани кори муносиб дар нерӯгоҳи барқию обии “Роғун” ба ин идораҳо муроҷиат намоянд:

Хадамоти муҳоҷират.

Суроға: ш. Душанбе, кӯҷаи Айнӣ 121.

Телефонҳо: 225-05-91, 225-05-89 ва 225-05-75

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ:

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Навоӣ 5/1.

Телефонҳо: 992-37-250-32-60

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД