Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз ёфт. Дар ин хусус ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун хабар додааст.
Аввалин шуда дар вилоят деҳқонони Ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Ҷайҳун ба ҷамъоварии пиёз шуруъ карданд.
Бо мақсади таъмини аҳолии Тоҷикистон бо ин маҳсулоти кишоварзӣ ва паст кардани нархи он дар бозори дохилӣ пиёз аллакай ба бозорҳои маҳаллӣ бароварда шудааст.
Гуфта шуд, ки имсол дар вилоят то имрӯз дар 10 044 гектар пиёз кишт карда шудааст. Сокинон умедворанд, ки бо роҳ ёфтани пиёзи барвақтӣ нархи ин маҳсулоти ниёзи аввал арзон мешавад, зеро норо ҳоло дар бозорҳо бо арзиши аз 10 то 15 сомонӣ мехаранд.