Ҳукумати шаҳриДушанбе тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи Оламафрӯз шурӯъ аз 16-март дар 4 ноҳияи пойтахт ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалро ташкил намояд.
Ярмаркаи фуруши молу маҳсулоти ниёзи аввал аз 16 то 20 март дар 4 нуқтаи серодами шаҳри Душанбе-даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат”, дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино(рӯ ба рӯйи беморхонаи “Қарияи Боло”) ва дар боғи “Куруши Кабир” баргузор мегардад.
Сокинони пойтахт ва навоҳии гирду атроф аз ин ярмаркаҳо орд, равған, қанд ва дигар молу маҳсулоти лозимии худро бо нархҳои насбат ба бозор пасттар дастрас карда метавонанд. Аз ҷумла нархи як халта орд дар ин ярмаркаҳо тахминан 265-270 сомонӣ, зарфи 5-литраи равған 90 сомонӣ, як кило гӯшт 55- сомонӣ, картошка 3,8 -4 сомонӣ, пиёз 4 сомонӣ, сабзӣ 2 сомонӣ ва қанди сафед тақрибан 8-9 сомониро ташкил дода метавонад.
Ин иқдом бо супориши раиси шаҳри Душанбе РустамиЭмомалӣ роҳандозӣ шудааст ва шумо имкон доред, ки ин аз фурсати қулай истифода бурда, баҳри оростани хони идонаи худ молу маҳсулоти дилхоҳатонро бо нархҳои арзон харидорӣ карда, наврӯзи сабзқадамро бо табъи болидаю вақти хуш пешвоз бигиред!