Formula novemver 2024
Ҳунармандон дар 3 сол соҳиби якуним миллион сомонӣ мешаванд
268

 

Барои рушди ҳунару ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ 20 Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ таъсис ёфтааст.

Грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши намудҳои гуногуни ҳунар, авоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шуда, фаъолияти муназзами минбаъдаи худро таъмин карда тавонанд,-хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз қабл қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тавсиб расида буд.

Тибқи қарори мазкур, аз соли 2024 то соли 2026 барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуда шудааст.

Дар соли 2024 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ, дар соли 2025 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2026 — 20 грант ба андозаи 500 000 ҳазор сомонӣ.

Барои иҷро ва амалисозии қарори мазкур дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ таъсис дода мешавад. Комиссия аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар таъсис меёбад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Комиссия дар фаъолияти худ метавонад коршиносони мустақилро ҷалб намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД