Султонмурод Бобомуродов, ҳунарпешаи маъруфи театру кино, имрӯз 73-сола шуд. Хабарнигори Oila.tj ба ифтихори зодрӯзи ҳунарманд бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, мавсуфро шодбош гуфт ва дар мавриди таҷлили зодрӯзаш пурсид.
Ҳунарманд гуфт, аввалин шуда, ӯро фарзандонашон табрик намуданд ва нақша дорад зодрӯзашонро дар доираи оила ҷашн гирад.
“Ҳамасола зодрӯзамро дар хона ҷашн мегирам. Ҳеҷ ҳамҳамаро намехоҳам ва ҳамин тавр, оддӣ мегузаронем”, - гуфт ҳунарманд.
Бояд гуфт, ки Султонмуродо Бобомуродов 25 сентябри соли 1950 дар деҳаи Бедаки шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳаи Шӯроби Афғони ҳамин шаҳр таҳсил карда, баъдан, ба Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуд.
Баъди як соли таҳсил бо сабаби бад шудани вазъи саломатиаш таҳсилро тарк кард ва дертар ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат дохил шуда, онҷоро хатм кард. Тӯли чандин сол аст, ки дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият дорад. Дорандаи унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон аст.
Аз Идора: Мо устод Султонмурод Бобомуродовро аз номи ҳайати эҷодӣ ва хонандагон ба зодрӯзашон табрик гуфта, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.