Ман Қумрихон Хоҷаева, 60-сола, зода ва сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷамоати деҳоти Иттифоқ, деҳаи Боқӣ Раҳимзода мебошам.
Ман дар бисотам ҳамагӣ ду фарзанд дорам. Писарам аз бахт наосуд. Ду маротибабо орзую ҳавас ӯро хонадор карда бошам ҳам, занҳояш “аз ин мардак фарзанд намешудааст” гӯён, аз хона баромада рафтанд. Духтарам ҳам аз зидагӣ наосуд. Як марди фиребгар бо макру ҳилла ӯро ба домаш афтонда, никоҳ карда гирифт. Баъдтар фаҳмидем, ки домод зану фарзанд доштааст. Он номард духтарамро партофта боз ба назди зану бачаҳои худаш рафт.
Намедонам алами бахти шикастааш асар кард ё аз азал тақдири духтарам ҳамин хел бад будааст, ки якбора ба бистари беморӣ афтид. Пойҳояш худ аз худ шал шуданд. Ранҷу азобҳои фарзандамро дида, ҷигарам хун мешавад. Бо умеди он ки шояд духтарам шифо меёбад, сарамро ба сад дар зада, ӯро ба чандин беморхонаҳо бурдам, аммо ягон кас ба дардаш даво ёфта натавонист.
Табибон мегӯянд, ки ягона роҳи наҷот додани духтарам ӯро ба хориҷа барои табобат бурдан аст, вале мо аллакай то гӯшҳоямон ба қарз ғӯтта задаему чунин имкон надорем.
Духтарам шабҳо то саҳар дар бистари беморӣ оби дида мерезад. Духтарчааш ҳам гиристани модари беморашро дида, зор-зор гиря мекунад. Бо дидани ин манзара дили мани кампир хун мешавад. Илтимос, як бор аз ҳоли мо дидан карда, дар ҳалли мушкиламон дасти ёрӣ дароз намоед.
Қумрихон Ҳоҷиева
П/С
Аз сомона
Сомонаи Оила. ТЧ тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар намуда, аз ҳоли ин модар ва фарзанди бемораш хабар бигирад. Навори видеоии моро аз рӯзгори ин оила дар сомонаи Оила. ТЧ интизор бошед.