Зиндагӣ дар шаҳр
Ў аз автобус пиёда шуда, рост ба донишгоҳ рафт, он ҷо як ҳамкурсаш кор мекард, ки аз ҳаёти талхи ў воқиф буд. Сурайё, ки дар хонаи холии бародараш бо духтарчааш танҳо зиндагӣ мекард, Сапедаро хуб пешвоз гирифт. Ў каме ба худ омаду бо ёрии апаи тоҷири Сурайё ҳама ҷавоҳироташро фурўхта, хонаи якҳуҷрагии хурдакаке харид. Хонааш як палоси кўҳнаву як телевизор ва як яхдон дошт, каме пули боқимондаро сарфи маҳсулоти хўрока карду ба хонаи худаш кўч баст. Ў ба падараш раҳмат мегуфт, ки дар вақташ барояш ҷавоҳироти зиёде харида буд, хусуру хушдоманаш ҳам “бо писари беморамон зиндагӣ мекунӣ” гўён, ҳамеша барояш ҷавоҳиротҳои қимматбаҳо мехариданд, ки имрўз даркораш шуданд.
Ба чӣ корҳое даст назад Сапеда, субҳи барвақт самбўса пухта, дар бозори наздикии хонааш мефурўхт, нисфирўзӣ дар мактаб дарс мегуфт, шабона дар як бозори хўрокворӣ рўбандагӣ мекард ва маҳсулоти боқимондаи он ҷоро ба хонааш меовард. Қариб, ки меваву сабзавот намехарид, дар як шабонарўз се ё чор соат кор мекард, вале зиндагии худашу духтаронаш серу пур буд. Баъдҳо кулчақанду самбӯсаҳояшонро ба мағозаҳо месупориду худаш дар бозор наменишаст. Бо ҳамин аҳвол хонаашро ба духонагӣ, баъдтар ба сехонагӣ иваз кард ва дар зери як бинои истиқоматӣ таҳхонаеро ба иҷора гирифта, қаҳвахона кушод ва тиҷораташ ривоҷ ёфт. Соҳиби пулу мол, ҳавлии калон, мошин гашт. Духтаронаш дар мактабҳои беҳтарин мехонаданд, дар ҳама пасту баландии ҳаёт ҳамроҳаш Сурайё буд ва ўро ҳамшарики тиҷоратӣ гирифта буд.
Танҳои танҳо
Аз аҳли хонаводаашон танҳо бо як хоҳараш рафтуомад дошт, хусуру хушдоманаш баъди фирори ў овоза кардаанд, ки гўё Сапеда ҷаҳдманд доштаасту духтаронаш ҳам духтарони ў ҳастанд. Падару модари ў ба ҷойи бастани даҳони бефаровези хушдоманаш ба гапи ў бовар карданд. Барои Сапеда сахттарин ҳамин ҳолат буд, наход волидону бародарон ва хоҳаронаш бовар карданд, ки ў бадроҳа аст?! Ба хотири обрўи онҳо Сапеда зиндагӣ дар дӯзахи як нашъамандро қабул дошт, шатта мехўрду тоқат мекард. Баъди марги ў дар як ҳавлии калони бошукўҳ бо ду духтаракаш роҳ наёфтанд, боз забонашон дароз тўҳматаш мезаданд. Хоҳараш Анӯша ўро тасалло медод, ки “парво накун, ҳеҷ кас туро бадроҳа намегўяд, кўлухи хушк ба девор намечаспидагӣ барин, тўҳматҳои онҳоро зӯран ба ту часпонида намешавад”. Шавҳари хоҳараш ҳам ўро эҳтиром мекард, Сапеда ба хотири хуб шудани зиндагии хоҳараш барои ў дар маркази ноҳияашон ҳавлӣ сохту дар наздикияш қаҳвахонае кушода дод. Оҳиста-оҳиста бародаронаш, баъд волидону хоҳаронаш бо ў оштӣ карданд, Сапеда ҳамаи онҳоро ҳурмат мекард, вале дилаш аз онҳо сиёҳ буд. Духтаронашро аз оилаҳои беҳтарин хостгорӣ карданду онҳоро ба шавҳар дод. Хостгорони худаш аз мўйи сараш зиёдтар буданд, аммо дигар шавҳар накард. Як зани нозанин, доро, хушахлоқ, кордон, фарҳангӣ, соҳибмаърифат, вале бе бахти оилавӣ…
Сапеда ба борон менигаристу бо ҳасрат аз умри гузаштааш ёд мекард ва аз дил мегузаронд, “як умр гиристам, умри боронӣ…”.
Боз бо табассум мисли ҳарвақта худро тасалло медод, “то борон наборад, рангинкамонро намебинӣ…”.