Борон беист меборид, Сапеда аз панҷара ба таровишҳои рақси борон андешаманд чашм медӯхту чойи хушбўйи лимугинро қулт-қулт бе саросемагӣ менӯшид. Кўдагияш ёдаш омад ва дар лабонаш мавҷи табассум дамид.
Дугонааш Оиша ин тавр чой нўшиданашро хуш надошт ва ба сараш дод мезад:
- Ҳамун заҳри баданата беовоз нўш, овози гулўят ин қадар баланд!
Эҳ кўдакӣ, беғамтарин аёми зиндагӣ! Бо гузаштани ту дунёи афсонаи ман гузашт, дар он дунё модарам ҷавон буду падарам зинда, додараконам хурд ва бо ман дўст. Мисли имрўз бепарвофалаку ноогоҳ не, ман ҳам як духтараки нармтабиати беозор будам, мисли ҳозир зани оҳанин не!
Эркача
Сапеда миёни шаш фарзанди падар дўстдору эркаву нозгулаки волидайн буд. Шояд сабаби аз ҳад зиёд эркача шудани ӯ дар он буд, ки волидонаш дер фарзанддор шуда буданд. Сапеда аълохону пешсафу хушлибосу нозанини деҳаашон буд, баъдҳо овозаи зебоии ў дар ноҳия паҳн шуд ва хостгоронаш зиёд шуданд. Дар Донишгоҳи омўзгорӣ ғоибона мехонд, падараш ӯро ба писари як рафиқи сарватмандаш дод, вале шавҳараш дигар барои идома додани таҳсилаш иҷозат надод. Сапеда ба хотири бахти оилавӣ розӣ шуд, вале баъдҳо маълум гашт, ин бахт он қадар ширин набудааст, ки ў гумон мекард. Ҳамсараш Мурод нашъаманд буд, дар ҷое кор намекарду аз ҳисоби пули падар кайфу сафо карда мегашт. Бо ҳамин аҳвол онҳо соҳиби ду духтари нозанин шуданд, вале Мурод ҳеҷ дигар нашуд. Ў маст мешуду ҳамсарашро зери мушту лагат мегирифт, бечора Сапеда, ки акнун аз эркагияш осоре намонда буд, мудом сиёҳу кабуд мегашт. Борҳо қаҳр карда, ба хонаи волидонаш мерафт, вале ўро боз гардонда меоварданд. Модараш мегуфт, ки дар авлоди мо зан набояд аз шавҳар ҷудо шуда, ба шаъни наздиконаш иснод орад. Аз хонаи шавҳар танҳо тобути зан мебарояд, падараш ҳам гапи модарашро тасдиқ мекард. Хусуру хушдоман азоби келини нозанину ҳунармандашонро медонистанд ва пуштибонияш мекарданд, бо дахолати хусураш ў дар донишгоҳ барқарор шуд ва ҳангоми дар курси чорум хонданаш фоҷеае рўй дод, ки тақдири ўро ба куллӣ дигар кард.
Мусибат
Мурод Сапедаро мезаду таънаҳои дар ҳеҷ куҷо набударо мекард:
- Ман медонам, ту бо падарам чӣ балое дорӣ, чаро ў маҳз туро келин интихоб кард?! Ман духтари ҳамсояамон Манижаро дўст медоштам, модарам духтари холаамро келин карданӣ буд, аммо ин пирхар (ў падарашро чунин ном мебурд) туро ёфта овард, чаро?!
Сапеда медонист, ки шавҳари беимонаш зери таъсири маводҳои беҳушкунанда ин суханҳоро мегўяд, аз ин рў, хомўш ба чашмони сарду бе рўҳи ў нигоҳ мекарду зери лаб пичиррос мезад, “Худованд туро накушт, ки мо ҳамакаса халос шавем”. Шояд фариштаи даргузар омин гуфт, ки Мурод бо мошинаш ба дарё рафту коми ҳамаро талх кард. Хусуру хушдоманаш ду писар доштанд, ҳевараш бо аҳли оилааш ҷудо зиндагӣ мекарданд ва баъди марги Мурод ба ҳавлии падарӣ баргаштанд. Онҳо рўирост нагўянд ҳам, гўшона мезаданд, ки Сапеда духтаронашро монда, ба хонаи волидонаш баргардад. Ҳевараш умуман бо ў гап намезад, зани ҳевараш бошад, “ту акнун барои шавҳари ману хусурам зани номаҳрамӣ!” гуфта, дилашро хун мекард. Сапеда инро ба волидонаш гуфт, аммо бефоида. Падараш гуфт:
- Ман ба хусурат мегўям, бароят дар ҳамсоягиашон як хонача созад, фикри аз он ҷо баромадану шавҳари дигар карданро аз сарат дур кун!- Фарзандони падараш ҳам ҳамин гапро такрор мекарданд. Сапеда дид, ки намешавад, бори аввал дар умраш бо хости дилаш кор кард. Як рўз бо духтаронаш тамоми ҷавоҳироти доштаашро дар ҳамёнчае гирифта, роҳ ба сўи пойтахт гирифт. Намедонист ўро чӣ интизор аст, аммо дигар тоқати шунидани таънаҳои ифлоси хонаводаи шавҳарро надошт. Духтаронаш яке чор сол дошту дигарӣ ду сол, онҳо аз дили ларзони модар бехабар хурсандӣ доштанд, ки сафар доранд, аммо Сапеда мегирист, беовоз...