Вақтои охир шумораи ҷавонмардоне, ки баҳудаву беҳуда ба занҳои шиносу ношинос часпида, намояндагони ҷинси латифро бо рафтори норавои худ озор медиҳанд, зиёд шудааст.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ҷавони 19-сола барои таҳқир кардани як зани раҳгузар хабар додааст.
Умедҷон Мирзоалиев аз ҷониби кормандони милитсия баъди шикояти як ҷавонзани сокини пойтахт аз рӯйи ин ҷавон боздошт шудааст.
Зан тавассути навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, аз рафтори беадабона ва нолоиқи ин ҷавон шикоят карда, ӯро дар таҳқир кардани худ айбдор намуд ва аз мақомоти корҳои дохилӣ хост нисбати шахсе, ки шаъну шарафи инсониашро паст задааст, чораҳои қонунӣ андешанд.
Умедҷон Мирзоалиев сокини ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон буда, муввақатан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Боздоштшуда иқрор шудааст, ки дар ҳақиқат рӯзи 8-апрел дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт бе ягон асос ҷавонзанро таҳқир ва мазоқу масхара кардааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест, вале кормандони милитсия баъди гузаронидани амалиётҳои зарурӣ маводҳоро ба суд ирсол намудаанд.