arzon replenishment
ҒУЛОМИ НАФС (ҚИСМИ 7)
04.10.2021
ДИЛОШӮБ
2999

Кори наву бори нав

Чанд рӯз пас аз ин гуфтугӯ Нозир мувофиқи ваъда барои занаш кор ёфт, акнун Гулбоғ дар яке аз мағозаҳои Иван Иванович дар растаи пойафзоли занона ба кор даромад. Маошаш дар як моҳ сӣ ҳазор рублӣ русӣ, хурсандии Гулбоғ ҳаду канор надошт, ҳарчанд ӯ мехост аз субҳ то шом дар кор бошад, вале шавҳараш танҳо аз субҳ то нимаи рӯз барои кор иҷозаташ дод, баъд ӯро фурӯшандаи дигар иваз мекард. Нозир ҳар субҳ занашро бурда ба кор мемонду баъд худаш аз пайи корҳояш мешуд, пас аз кор Гулбоғ худаш ба хона мерафт. каме мехобиду баъд аз пайи ғизои шом мешуд. Дар ин миён ба духтури занона низ муроҷиат кард, духтур гуфт, ки зану шавҳар ҳарду каме хунукӣ доранду пас аз як табобати сабук худо хоҳад соҳиби фарзанд мегарданд. Гулбоғ, ки ба ҳаёти озоду беғамона дода шуда буд, он қадар талабгори фарзанд ҳам набуд. Ӯ дар дил мегуфт, ки панҷ –шаш сол хӯрда гардем, баъд фарзандор мешавем. Аммо Нозир мехост зудтар фарзандор шаванд… Гулбоғ рӯякӣ худро фарзандталаб нишон диҳад ҳам дарунакӣ Нозирро мазаммат мекард, ки:-Худо гирад ту сағираи бесоҳибро, акнун нони хӯрданиро дидӣ, ба серӣ аз зиндагӣ комрон шав, ҳамон кӯдаки фисинат ҳеҷ куҷо намегурезад! Гулбоғ худро орою торо дода ба кор мерафт, назари ҳаваси мардонро ба сӯяш дида аз хурсандӣ ба куртааш намеғунҷид. Боре як духтари зебои рус ҳамроҳи шавҳараш барои харидани туфлӣ омад, маълум буд, ки духтараки нозпарвард аз оилаи сарватманд аст, ҷавони зардинаи болобаланд низ аз ҳамсараш монданӣ надошту бовиқор рӯйи нармкурсӣ нишаста интихоби ҳамсарашро аз назар мегузаронид. Ба хонум ягон туфлӣ хуш намеомаду ӯ бо ишва гуфт:- Миша ман гуфтам ку, ин ҷо туфлии мегуфтагии ман нест. Биё ба ҳамон ҷойи медонистагиям равем… Ҳаминвақт ҷавонмард бо забони тоҷикӣ гуфт:- Афтат дар гӯр ту пишаки дар об задагиро, мегӯйи аз осмон фаромада бошад, пойҳои қоқат аз сарат монанд! Гулбоғ худашро дошта натавониста баланд хандид, хонум магар нашунид, ки бепарво аз дар баромад, вале шавҳараш бо лабони пуртабассум ба Гулбоғ нигариста гуфт, шумо тоҷикед? Бале, ман тоҷик, аммо гумон доштам, ки шумо русед…. Э- напурсед, ҳамшаҳрӣ, пас аз хатми донишкада ҳамкурсамро ба занӣ гирифта дар Маскав мондам, шаш сол гузаштаасту ман акнун дарки пушаймонӣ мекунам, хайр боз мебинем…. Миша бо Гулбоғ хайру хуш карда аз пушти занаш баромад, дили Гулбоғ хурсанд шуд аз шунидани лафзи ширини модарӣ. Ҳарчанд он суханони нек набуд…

                                                                                                                                         Ҳамшаҳрӣ

Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугӯ Миша боз меҳмони мағозаи онҳо шуду ин бо Гулбоғ, ки вазифааш аз ҷо ба ҷо намудани рафҳои пойафзолмонӣ иборат буд хеле сӯҳбат кард. Миша аз забонаш шаҳду шакар резонида духтарони тоҷикро таъриф мекарду мегуфт:- Эҳ ҳамшаҳрӣ, зани ман духтари яке аз сарватмандтарин мардҳои Маскав аст. Худам низ ба воситаи хусурам дар ҷойи равғание ба кор даромадааму дар маркази Маскав ду хона, дар беруни шаҳр бустонсаро ва пулу моли зиёде дорам. Падару модарам аз дунё гузашта бошанд ҳам ба хоҳару бародарам ёрии зиёде мерасонам. Дар маркази Душанбе низ хонаи панҷҳуҷрагии муҷаҳҳаз дорам, тобистонҳо гоҳ-гоҳе ба дамгирӣ меравам. Аммо дар дунё мисли занони тоҷик зебою дилорояшро надидаам, мана худи шумо аз чеҳраатон нур мерезад. Нуре, ки ман онро дар бонувони дигар миллат эҳсос накардаам, бовар кунед, ки накардаам.. Агар духтарони тоҷик ин қадар зебо бошанд, пас чаро яктои онҳоро ба занӣ нагирифтӣ?! Ҷавонию хомӣ, сарашро ҷунбонда бо эҳсоси пушаймонӣ мегуфт, Миша… Акнун мани сиёҳак аз зани қоматбланди шир барин сафеди шумо чӣ болоӣ доштаам? Бо содагии кӯдакона боз пурсид Гулбоғ… ҳамшаҳрӣ ту содда будаӣ, ҳоло беҳтарин занони дунё ранги пӯсташонро тариқи кимиёӣ ба шумо монанд мекунанд, шумо бошед… пӯсти шумо беҳтарин аст. Гулбоғ ҳис кард, ки як ҳамкораш сӯяш нигоҳи кунҷкобона дорад, аз ин рӯ аз Миша хоҳиш кард, ки биравад то ба ӯ гап нарасад. Агар шавҳарам фаҳмад, ки ман соатҳо бо марди бегонае лақидаам гӯрамро меканад бо ишва гуфт Гулбоғ. Миша рақами телефони дастии Гулбоғро гирифта гуфт, ки ба ту занг мезанам…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД