Инак даҳ сол боз Нозирҷону Светлана бо ҳам зиндагии якҷоя доранду соҳиби як духтару як писари нозанинанд. Фарзандонашон номҳои тоҷикӣ доранд, Шаҳболу Шаҳнавоз… Гулбоғ тамоми ҷавоҳироти дӯздида тӯҳфаю доштаашро фурӯхта дар маркази ноҳияаашон мағозаи матоъфурӯшӣ кушодааст. Дигар аз «маликаи париҳо» осоре нест, ӯ борҳои вазнинро худаш мекашаду шабу рӯз барои хӯрондани ду фарзандаш заҳмат мекашад. Писараконаш ҳам баъди дарс ба модар ёрӣ мерасонад. Тори макри ӯ то ҳанӯзам накандааст, ӯ ҳам ба писаронашу ҳам ба ҳама шиносҳояш ҳамеша аз бевафоию хиёнати ҳамсараш гап мезанад, аммо мардуми огаҳ чизи дигар мегӯянд. Ӯ аз карда пӯшаймон аст ё не, Худо медонад, аммо шояд дар дилаш аз корҳои ношоистаи кардааш ранҷ мекашад…