Ту аз ман бош як шаб….
Гулбоғ он шом низ бо тӯҳфаҳои барзиёд ба хона баргашт, аммо Саватхоҷа вақти хайрухуш ӯро зорӣ кард, ки даъфаи дигар албатта як шаб бо ӯ бимонад. Гулбоғи шаҳватпараст дигар бо Сарватхоҷа омӯхта шуда буду волидайни пирашро фиреб дода гӯё барои табобат мерафта бошад, зуд зуд назди ошиқаш мерафт. Кор бо он анҷом ёфт, ки Нозирҷон ба Гулбоғ занг зада гуфт:- Занакҷон, Иван Иванович бемор шудаасту ман наметавонам дар соли нав ба ватан равам. Беморияш вазинин дар беморхона бистарӣ аст, духтурон мегӯянд, ки бемории дилаш ҷиддӣ аст агар ҷарроҳӣ нашавад мурданаш мумкин. Худат медонӣ ин мард ба ман некиҳои зиёде кардааст. Ба шарафи ӯ мову ту шаҳрванди Руссия ҳастему дар маркази Маскав хонаи шахсӣ дорем. Ӯ ғайри ман ба каси дигар боварӣ надорад, духтари эркаи пулмасташ дар Амрико зиндагӣ мекунаду ҳатто ба аёдати падар омаданӣ нест. Тамоми тиҷорат имрӯз бар души ман аст, ҳатто вақти сархорӣ надорам. Ба ту як ҳафта муҳлат Бунёдҷонро бигиру ба назди ман биё будани шумо ба ман ниҳоят зарур, боз шуморо пазмон шудаам. Ниҳоят пазмон шудаам…
Аз кор бармегардам, хона мисли гӯр холию ҳуввас мезанад… Гулбоғ аз овози Нозирҷон хастагию пазмонии зиёдро эҳсос кард, ҷавонмард намегиристу халос, хонуми ҳиллагар фаҳмид, ки агар бо баҳонае рафтанро рад кунад, шавҳараш шояд ба шубҳа афтад, хуб медонист маҳз дар ҳамин гуна ҳолатҳо мардҳо дар оғӯши зани дигар паноҳу меҳрабонӣ меҷӯянд. Ӯ бо баҳонаи билетхарию табобат боз як шаби дигарро дар оғӯши Сарватхоҷа саҳар кард. Ошиқаш барои ӯ ва писараш билети тайёра харида Гулбоғро бовар кунонд, ки дар лаҳзаҳои наздиктарин ба Маскав ба хабаргирияш меравад. Ман дар Маскав хона дорам, он ҷо писари донишҷӯям истикомат мекунад, Гулбоғро бӯсида таъриф кард Сарватхоҷа, оҳо хайру хуш карданд… Сарватхоҷа дар як сумкаи зебои сафарӣ пистаю бодому ғулинг, қандалоту боз дигар чизҳои лазизро саранҷом намуда дар мошини Гулбоғ монд ва шухӣ кард, ки ин тӯҳфаи ман ба язана… Гулбоғ баъди се рӯзи вохӯрӣ бо Сарватхоҷа азми сафари Маскав кард, ӯро падару модар ва шавҳари Шаҳло ба фурӯдгоҳ оварда гусел карданд. Дили омӯхтаи юонуи маккори хиёнатпеша кашоли ватану ошиқи наваш монд….
Шавҳари меҳрубон
Дар фурӯдгоҳ Гулбоғу писарашро Нозирҷон пешвоз гирифт, ҷавонмард азизонашро бо бору бунашон ба мошинаш бор карда роҳ сӯйи кошонаи гарму равшанаш пеш гирифт. Пардаи шом Маскави азимро фаро мегирифт, Гулбоғ ба ин шаҳри чароғону зебо нигариста худ ба худ лаҳзае пушаймон шуд, ки чаро ношукрӣ мекунад? Ҳамсараш садқаю балогардонаш, фарзанду хонаву дар…. Аммо ҳамин лаҳзаҳо аз гӯшаи дигари хаёлаш касе ба вай мегуфт:-Дар ин дунёи дурӯза хӯру гард! Гулбоғи ҳавасбоз бештар ба дуввумӣ бовар мекард, ба «ҳамон»-ки ӯро ба айшу нушу зино даъват мекард. Дар хона сари мизи пурнозу неъмат онҳо то дер сӯҳбат карданд, аммо субҳ…. Субҳ Гулбоғ хеле дер аз хоб бархост, зеро Нозири пазмону волаю шайдо шаб хоб рафтанаш намонда буд. Нозир кайҳо пайи кор рафта буду Бунёдҷон аз катчааш ба ӯ ширин табассум мекард. Гулбоғ бору бунашро ҷо ба ҷо карда хӯрок пухт, ҳамин вақт телефонаш занг зад Сарватхоҷа бо меҳр аз чӣ гуна сафар кардану расиданаш пурсон шуд. Ҷавонзан бо нозу адои дилбарона бо ӯ то садо додани занги дар сӯҳбат кард ва Нозир чун ҳарвақта дер омаду гуфт, ки Иван Иванович бад шудааст…
Мусибат
Рӯзи дигар Ин марди русе, ки пушту паноҳи Нозирҷон дар ин мулки бепаҳно буд аз олам чашм пӯшид. Нозирҷон гӯё, ки падараш фавтида бошад бо алам ашк мерехту аз пайи бо обурӯ гӯр кардани корфармои меҳрубонаш шуд. Пас аз шаш рӯз маросими ба хок супоридани Иван Иванович баргузор гашт, аз мурданаш чил рӯз гузашт. Нозирҷон бо ёрии зердастони дигар тамоми маросимҳоро мувофиқи анъана доданд, ҷавон чун пештара ҳамаи корҳои савдоро пеш мебурд, зеро танҳо баъди шаш моҳ меросбари ҳақиқи муайян мегашт ва ҷавон розӣ буд, ки тамоми корро ба ӯ супорад. Дили Нозир пур буд, зеро хонае ки ӯ истиқомат мекард ва як мағозаи калони пойафзол ба номи ӯ буданд… Духтари Иван Иванович Светлана, ки дар хориҷа мезист пас рӯзи қабул намудани мерос ҳамроҳи як дугонааш ҳозир шуд. Ӯ Нозирҷонро песонду бовиқор наздики ҳуқуқшинос нишаст.Ғайр аз Нозирҷону Света он ҷо зани миёнсоле, ки дар сар лентаи сиёҳ ва дар чашмонаш айнак дошт ҳозир буд, Нозир ӯро якум бор медид.
Тақсими мерос
Ҳуқуқшиноси сартоси айнакӣ баъди пурсупоси расмӣ ба хондани васиятномаи марҳум оғоз кард, ки чунин буд:
Квартираи дар маркази маскав будаамро, ки аз се ҳуҷра иборат аст бо ҷиҳозаш ба Людмила Дмитриевна Антонова, мошини тамғаи «Мерседес» китобхонаи шахсӣ ва мағозаи дар кӯчаи Киров будаи либоси занонаам низ. Бӯстонсароям дар ноҳияи Митишии Вилояти Маскав, Мошини тамғаи «Тайёта», як «Газел» ва ду миллион рубли русӣ ба дӯстам Нозирҷон Наимзода, квартираи якҳуҷрагиям дар кӯчаи Арбати шаҳри Маскав ба духтарам Иванова Светлана Иванована васият мекунам. Хонаи дуошёнаам дар Санкт Петербург ва боқимонда маблағи доштаамро ба хонаи пиронсолони зодгоҳам Санкт Петербург, ки дар кӯчаи Чехов-15 воқеъ аст васият мекунам…. Пас аз анҷоми гапи ҳуқуқшинос Света қиёматро қоим карда фарёд зад:-Ман шуморо ба суд медиҳам! Ту тоҷики ҳаром ҳамроҳи ин албастӣ падарамро куштеду амволашро соҳиб шудед!!! Чӣ аз падари миллионерам ба ман танҳо як хонаи якҳуҷрагӣ мерос монд?! Чашмони света аз косахонаи сараш зада баромаданд аз даҳонаш кафкоба мерехт… Ҳуқуқшинос ӯро ба оромӣ даъват намуда гуфт:-Светаҷон, падарат ин васиятномаро дар шоҳиди чор нафар духтури ошнояш навишт. Яке аз духтурон, ки ту ҳам ӯро хуб мешиносӣ ба вай маслиҳат дод, ки Ваня ҳоло ту ба сад медароӣ, вале ба духтурат ҷабр накуню Падарат гуфт, ки ӯ даҳ сол боз шаҳр ба шаҳр мегардаду ман нозу нузашро мебардорам, бигузор ба қадри ман расад! Нозирҷон ба падари ту писарвор хизмат кард, чизе ки ба ӯ додааст ҳаққи ҳалоли ӯст. Людмила на албастӣ, балки зани дӯстдоштаи падари туст, вақте модари ту вафот кард ӯ расми оила барпо накард, вале Люда дар ҳама пастию баландӣ бо ӯ буд…..
Ту рӯбоҳи пир бо инҳо забон як кардаӣ!!! Ҳоло мебинем, кӣ ғолиб меояд!!! Света ҳуҷраи кории ҳуқуқшиносро ба сараш бардошта аз дар берун шуд. Нозирҷон бо дили сиёҳу ғамин ба хонааш равон шуд, ӯ аз соҳиби ин коло шуданаш хурсанд ҳам набуд, зеро дӯсташро аз даст дода буд….
Гулбоғи чизпараст
Нозир хастаю лакот аз дар даромад, Гулбоғ ӯро бо шодию нишот пешвоз гирифта авҳол пурсид. Нозирҷон бо чашмони гирён дар бори тақсими мерос сухан карду гуфт:- Барои ман мағоза, мошинҳою бӯстонсаро кифоя аст ман пулҳоро ба Света медиҳам, авҳоли вай бад мешавад…. Не, ягон тин ба ягон кас намедиҳӣ, ин ҳаққи ҳалоли туст, агар ӯ духтари хуб мебуд туро тӯҳмат карда зиндонӣ мекард?! Бигузор кор карда ба қадри пул расад, мурад вай…. Худозада ба мурдаи падараш наомаду…. Пас аз ин воқеа Света хело судбозӣ кард, вале ба мақсад нарасид. Гулбоғ баъди аз Тоҷикистон омадан худро бад ҳис мекардагӣ шуд, чун ба духтур рафт ҳомиладо буданаш муайян гашт. Нозир банди суду судбозӣ, хурсандияшро низ аз он ки дубора падар мешавад баён карда наметавонист. Рӯзҳо пайи ҳам мегузаштанд, Нозир ҳама корҳояшро тахт карда аз пайи кори худ шуд, дар мағозааш чор фурӯшанда дошт, ки занҳои миёнсоли рус буданд, ҳамонҳое ки Иван Иванович ба кор қабул карда буд. Борро худаш аз онҳое мегирифт, ки дар вақташ Иван Ивановичро бо бор таъмин мекарданд. Мошинҳои боркашашро низ барои ҳамин истифода мебурд. Мошини тайётаро ба гулбоғ тӯҳфа кард, акнун хонум ба духтуру мағозаҳо бо мошини шахсияш мерафт. Бо фарорасии рӯзҳои офтобии баҳор, ки дар Руссия моҳҳои апрелу май фаро мерасанд, онҳо ба бӯстонсарои меросӣ рафтанд. Гулбоғ, ки моҳи шашуми ҳомиладориро пушти сар мекарду намедонист, ки тифли батнаш аз шавҳараш аст ё аз ошиқаш аз Нозир хоҳиш кард, биёер мехост бӯстонсароро бубинад….