Sebiston new 2024 october
ҒУЛОМИ НАФС (ҚИСМИ 12)
09.10.2021
ДИЛОШӮБ
3182

                               Занг аз рақамҳои тиллоӣ…

Офтоб ба нимаи осмон омада буд, ҳаво низ гарм буд, аммо ҳаво хунук буд. Гулбоғ кампали аз пашми шутур омода шударо ба рӯй кашида нав чашмонаш гарм шуда буданд, ки телефони мобилияш занг зад… Рақамҳои тиллоиро дар равзанаи телефонаш дида онро бардошт аз он тарафи гӯшӣ овози мардонае аз ӯ авҳол мепурсид:-Салом ба боғи гулҳо, саломатиятон хуб, истироҳатҳо ба ҷо, дар ватанҳои мо зиқ нашудаед-мӣ? Салом, гуфт ба ишва Гулбоғ ва аз оҳанги гапзанияш мардро шинохт, вале ӯро низ дар тори макраш печониданӣ шуда бо нозу истиғно худро ба нодонӣ зад:-Мебахшеду шуморо нашинохтам…. Медонам шумо соҳибҷамолон шиносҳои зиёде доред, аммо мани фақир ҷуръат карда ба шумо занг задам… Ман Сарватхоҷа- худро шиносонд мард. Гулбоғи дар макр гум бо ноз тагпурсӣ кард:-Оё мо шинос ҳастем?! Ин субҳ ман ба шумо визиткаамро дода будам, ку- ин даъфа каме бо асабоният иброз дошт мард. А- мебахшед, ман визиткаатонро надидаам, вале шумо телефони маро аз куҷо ёфтед, ин аст муаммо.. Барои ман дар ин сарзамин ёфтани чизе душворӣ надорад, агар хоҳед бароятон шири мурғу тухми анқо ва аз осмон ситора низ меорам! Не раҳмат… Ба ман шири мурғу тухми анқо ва ситораҳои осмонро алаккай шавҳарам овардааст ва ин ҳама пешам аҷобате надорад, худро аз Сарватхоҷа як сару гардан болотар гирифта иброз дошт Гулбоғ. Вале Сарватхоҷа аз он инсонҳое набуд, ки сайдашро аз даст диҳад. Ин марди занбоз ва сарватманд аз духтараконе, ки барои пул тайёранд ба оғӯши дилҳоҳ мард дароянд безор шуда буду, бо дидани бойхотуни сар то по тиллопечи сари чамбараки мошини қимматбаҳо нишаста дилаш об хӯрд. Мехост ин дилраборо ба бар кашида аз ӯ коми дил бистонад, барои ӯ фарқе надошт, ки ӯ шавҳар дорад ё не?! Шавҳар дорад боз беҳтар, яъне дар ҳар гӯша намелақад, ки ӯ маъшуқаи Сарватхоҷа асту тану ҷисмаш низ орӣ аз бемориҳои нанговар аст….

                             Сарватхоҷа….

Ду рӯзи дигар Гулбоғ аз хона набаромад, дар ин ду рӯз аз зангҳои Сарватхоҷаи ошиқ безор шуд. Рӯзи сеюм субҳи барвақт ба Оля занг зада ба кошонаи ҳусни вай рафта худро ороиш доду хост ба хонаи дузанда рафта либосҳои фармоиш додаашро бигирад, ӯ нав аз курсӣ хеста буд, ки Оля гуфт:-Сарват Аҳмадович бо дидани ту девонатар мешавад…. Аз ин сухани дугонаи ҷонияш дили Гулбоғ ба тапидан даромаду беҳол рӯйи курсӣ аз нав нишаста гуфт:-Оля, чаро ту шумораи телефони маро ба ин мард додӣ?! Охир медонӣ, ки ман шавҳар дорам…. Э дугон, медонам…. Ту бовар дорӣ, ки Нозирҷони ту то рафтани ту ба Руссия ором менишинаду дасти ягон зебосанами дигарро намедорад?! Ман ба ту намегӯям, ки даррав ба бистари Сарват даро, хайр сӯҳбат тарабхона рафтан, шиносоӣ оё ин бад аст?! Аммо Оля ба дугонааш нагуфт, ки ба ивази рақами телефони ӯ аз Сарватхоҷаи пулмаст дусад доллар гирифтааст…. Не, Оляҷон, ман ҳеҷ гоҳ ба шавҳарам хиёнат намекунам, қатъӣ гуфт Гулбоғ, вале дар дилаш нияти дигар дошт… Ӯ намехост, ки каси дигар аз шиносбозию ишқбозиҳояш дарак ёбад, ӯ зани ниҳоят пухта буд…. Рӯзи дигар Гулбоғ алаккай бо имиҷҷи нав ба маркази ноҳия баромад, либосҳои зебо, ороишоти бирилиантӣ бо ҳуснаш ҷанг мекарданд, Сарватхоҷа ӯро дар назди маркази савдое дида боз зангаш зад…. Хулоса баъди се рӯзи зорию сухтаму пухтами Сарватхоҷа Гулбоғ ба вохӯрӣ розӣ шуд….

                              Мулоқот

Рӯзи дигар Гулбоғ бо Сарватхоҷа маслиҳат карда қарор доданд, ки дар маркази вилоят вомехӯранд. Маркази вилоят аз ноҳияи Гулбоғино ҳамагӣ як соата роҳ буд, Гулбоғ худро аз шаб ба беморӣ зада аз падару модарш иҷозат гирифт, ки ба маркази вилоят ба духтур меравад. Онҳо иҷозат доданд, ҳарчанд падараш мехост ҳамроҳаш равад, аммо Гулбоғ розӣ нашуду худаш субҳи барвақт ба роҳ баромад. Ӯ ба тарабхонае роҳ гирифт, ки он ҷо ӯро Сарватхоҷа интизор буд. Чун ӯ вориди тарабхона гашту ба яке аз хизматчиён гуфт, ки ин ҷо ӯро Сарват Аҳмадович интизор аст. Дарав ӯро ба кабинае бурданд, ки мизи пур аз нозу неъмат оро дода шуда буд, рӯи мизро дастаи калони гулҳои садбарг оро медоданд. Гулбоғ ҳамагӣ панҷ дақиқа интизорӣ кашид, ки Сарватхоҷа вориди кабина гашт. Ӯ хеле зебо либос пӯшида буд, қомати баланд, чашму абрӯи сиёҳ, мӯйи сари босалиқа шоназадааш ӯро ба ким-кадом актёри рус монанд мекард. Гулбоғ ҳарчанд мехост номи ин актёрро ба ёд биёрад наметавонист. Сарватхоҷа натанҳо марди хушсалиқаи зебо, балки хушсухану дасткушод низ будааст…

                                    Дили омӯхта

Ӯ баъди зиёфат чун хотира аз ватану аз ман гӯён ба Гулбоғ тӯҳфаи қиммате кард. Ин тӯҳфа аз гарданбанд, гӯшвор, ангуштарӣ ва даспонаи тиллоии миллӣ иборат буд, ки чамъул ҷамъ аз се сад гррам тиллои холис сохта шуда бо сангҳои қимматбаҳо ороиш дода шуда буд. Гулбоғ ҳарчанд баландназарӣ карда онро гирифтан нахоста бошад ҳам, Сарватхоҷа гуфт:-Гулбоғҷон, ин ҳамту аз нуги хамир фатир, мо низ аз бойбачаҳои руссия камӣ надорем. Агар лутф кунеду бо мо дӯст шавед, пушаймон нахоҳед шуд… Он рӯз пас аз зиёфат Сарватхоҷа, ҳавлии маро бинед гӯён Гулбоғро ба канори шаҳр ба ҳавлии зебое бурд… Гулбоғи дар ҳилла гум мошинашро дар наздли беморхонаи марказии вилоятӣ монда худаш ҳамроҳи Сароватхоҷа рафт… Он рӯз то бегоҳ ин ду нафар бо ҳам буданд, Сарватхоҷа пеши пойи Гулбоғ ба зону зада қасам мехӯрд, ки дар умраш бои авал ошиқ шудааст ва Гулбоғ бовар мекард… Ҳангоми хайру хуш Гулбоғ ба Сарватхоҷа гуфт, ки пеши Оля дар бораи шиносоияшон лаб накушояд, мард қавл дод…. Сарватхоҷа ба хизматгоронаш фармуд, ки Гулбоғро бурда ба мошинаш савор кунанд. Ду ҷавони ҳузарб Гулбоғро то назди мошинаш оварда баъд ба мошинаш халтаҳои селофании зиёде бор карданд. Ҳарчанд Сарватхоҷа мехост, ки Гулбоғро муҳофизонаш аз думбол бо мошини дигар нигаҳбонӣ карда то ноҳия баранд, аммо зан инро нахост. Гулбоғ намехост, дар дили аҳли деҳа ноҳия ва пайвандонаш шубҳаро нисбати худаш бедор кунад. Пеш аз хайру хуш яке аз муҳофизони Сарватхоҷа лифофаеро ба нишастгоҳи пеши мошинаш монд, Гулбоғ боз инаш чӣ гӯён норозигӣ кард, аммо ҷовон гӯё кар ё гунг бошад бо нигоҳ ба ӯ фаҳмонд, ки ором бошу бо ишораи дастон хайраш гуфт. Губоғ мошинашро бод барин меронду дилаш аз хурсандӣ гул мекард, навозишҳои Сарватхоҷа ба вай рӯҳу илҳоми тоза мебахшиданд. Хушгӯиҳо ва бӯсаҳои ин марди зеборо на Нозир ба ман дода тавонисту на Мишаи лаънатӣ- аз дил мегузаронид бонуи шаҳватпараст…

                                 Бемории сохта

Гулбоғ пеши дарвозаи ҳавлияшон ворид шуда худро бемор вонамуд кард, баъди ишқбозиҳои дуру дароз бо Сарватхоҷа худаш хастаю лакот менамуд, аз ин рӯ падару модараш бо ташвиш аз вай авҳол пурсиданд…

Тинҷӣ, дилам бемор будааст…. Ташхис супоридам, ҳамон ҷо чак-чаку сӯзандорӯ гирифтам, барои ҳамин дер шуд. Дорӯҳоятро гирифтӣ? Духтари ҳамсоя омада мегузаронад, бо дилсӯзӣ гуфт модар. Не, духтур гуфт, ки баъди се-чор рӯз дардатро муайян карда баъд дору менависам. Чанд ҳаб доду халос…Шояд ба Руссия меравӣ он ҷо табибон зуртаранд, гулпурсӣ кард модар, Гулбоғ хастаҳолона гуфт:-ҳа, худам ҳам ҳаминтавр гуфтам, вале духтур мегӯяд, айни ҳол бо тайёра парвоз карданаш мумкин нест, дар қатора сафар кардан ҳам хатар доштааст… Гулбоғ чунон моҳирона дурӯғ мебофт, ки андӯҳ дар чеҳраи падару модараш соя афканд. Зани бераҳм чун дид, ки ба мақсадаш расид, гуфт- Оча, Бунёдҷонро биёр рафта хоб кунем, баъди гузаронидани чак-чак худамро хаста эҳсос мекунам, мошинро ба зур ронда омадам. Бунёдҷон сер, бо бобояш бозӣ карда- бозӣ карда хобаш бурдааст, худат рафта дам гир- гуфт бо ғамхории модарона холаи Сайлонбӣ. Гулбоғ майлаш гӯён ба хонаи хобаш даромаду худро болои диван партофт. Чун ба телефонаш назар карда пайи ҳам чор паёмак аз Сарватхоҷа омада буд. Гулбоғ, бори аввал чунин роҳат бардоштам аз ҳамбистарӣ бо зан, ҳарчанд бо занони зиёде будам… Оғӯши ту ширинтар аз ҳама чизи ҷаҳон будааст… Ту рафтию ман дар андешаам боз кай медида бошамаш, кош фардо…. Гулбоғ кутоҳакак навишт- Худоро зора кун!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД