arzon replenishment
ҒУЛОМИ НАФС (ҚИСМИ 11)
08.10.2021
ДИЛОШӮБ
2841

                           Бурёкубон

Акнун Гулбоғ бар паҳлӯи падарш савор ба бозор мерафту барои бурёкубонаш нозу неъмат мехарид. Нозир ба деҳаи падарияш рафта кампири Марямро, ки бемору бистарӣ буд ба хонааш овард то ҳатман дар маъракааш ширкат кунад. Ба нею нестони кампир нигоҳ накарда Нозир ӯро маркази вилоят бурда ба табибон нишон дод ва барояш доруву дармони зиёде харид, духтаркаи ҳамсоя, ки дар коллеҷи тиббӣ мехондааст, дар як рӯз чанд бор аз авҳоли кампир хабар гирифта дорую дармонашро сари вақт медод. Дар як ҳафтаи дар хонаи Нозир будан, дигар ҷигари кампир дард намекарду изтиробаш низ камтар гашт. Бурёкубон бо тантанаи зиёд баргузор гашту мардум ҳама ба нозиру Гулбоғ офарин гуфтанд, мардуми деҳа бо ҳавас ба Гулбоғи нозанину хушлибос ва ширинзабон менигаристан. Аз ин нигоҳҳои ҳавасолуд як гӯшаяки дили Гулбоғ тар шуд, вале…..

                                 Сӯҳбати шавҳар

Пас аз додани бурёкубон ва гусели меҳмонон, Нозир Кмпири Марямро ба хонааш бурд, акнун дар ҳавлии барҳаво ҳамроҳи ҳамсару писараш танҳо монданд. Онҳо аз ҳавои софу беғубори деҳа нафас кашида аз меҳрубониҳои пайвандон лаззат бурда гузаштани ду моҳро нафаҳмида монданд. Дар ин ду моҳ як навгонии дигар низ буд, Гулбоғ ба як марказе, ки ба навомӯзон ронандагиро ёд медоданд дохил шуда рондани мошинро ёд гирифт. Аслан ӯ машқи ронандагиро бо падарашу Нозир мегузаронд ва танҳо барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дар ин курс номнавис шуда буд. Зеҳнаш тез буд ва дар давоми ду моҳ тамоми нозукиҳои ронандагиро ёд гирифит, вале барои эҳтиёт ҳамеша Нозир ё падараш дар бараш меистоданд. Пас аз чанде Гулбоғ имтиҳонҳоро бо сари баланд супорида соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуд, захираи пулҳояшон ба охир мерасиданд аз ин рӯ Нозир азми сафари Руссия кард ва розигӣ дод, ки Гулбоғ тобистонро низ дар ватан гузаронида бо сар шудани хунукиҳои тирамоҳ ба Маскав меравад. Ин таъби дили Гулбоғ буд, зеро дар дил ҳавсаҳои ниҳонӣ дошт…

                            Маслиҳати зан

Барои Нозир ҷудоӣ аз зани нозанин ва фарзанди азизаш душвор буд ва шаби охирини дар деҳа буданаш ҳамсарашро то субҳ хобидан намонда ҳамроҳаш сӯҳбат мекард. Гулбоғҷон ман ба тамоми орзуҳоям расидам, дар ватан хонаву дар ва зану фарзанди нозанин дорам. Акнун мехоҳам, ки баъд аз чанду дар ҳамин ҷо чанд меғоза кушода дигар ба Руссия наравам- гуфт Нозир. Аммо Гулбоғро ин сухани шавҳар хуш наомаду чунин посух дод:- Нозирҷон мардум имрӯз орзу мекунанд, ки шаҳрванди Руссия бошанду он ҷо хонаву дар. Ту бо чашмони худат мебинӣ, ки тоҷикон он ҷо чӣ ҳол дорранд, ҳатто дар партовгоҳҳо зиндагӣ карда ба хотири ёфтани нолаи нон заҳмат мекашанд. Мо бояд ғами фарзандонамонро хӯрем, онҳоро дар Маскав хононда одам кунем, ин ҷо намегурезад… Падару модар ва хешу таборон хонаву дарамонро аз мо дида зиёдтар нигоҳубин мекунанд…. Брои хотирҷамъии ту ман аз падару модарам хоҳиш мекунам, ки аз фардо ба хонаи мо кӯч банданд, дар хонаи худашон апаи хурдиямро ҷо кунанд, шавҳари бечораи ӯ дар сад сол барои занаш хона сохта наметавонад. Нозир Гулбоғро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, аз ин рӯ ба маслиҳати ӯ гӯш андохт. Рӯзи дигар субҳи барвақт, Гулбоғу падараш Нозирро ба маркази вилоят бурда ба тайёра шинонида гусел намуданд. Гулбоғ баъди рафтани шавҳар ба ҷойи зиқ шудан баҳри дилаш кушода шуду пайи амалӣ кардани ҳавасҳои нуҳуфтааш гашт.

                               Парии ноҳия

Гулбоғ дар даст маблағи зиёде дошт, дар харидани ҷиҳози хона ва маъракаҳои баргузорнамудаашон, як тин сарф накарда буд. Ҳамаи ин ташвишҳо бори Нозири бечора буданд. Гулбоғ аввал ба бозор рафта матоъи қимматбаҳои сабзрангеро ҳамранги мошинаш харида аз он либоси миллии зебое духт. Баъд тӯҳфаҳои зиёд бардошта назди Оля дугонаи деринааш рафт, Оля ӯро хуш пазироӣ намуда аз таҳти дил хизмат расонд. Рӯзи дигар Гулбоғ худро мисли ситораҳои саҳна орою торо дода сари чанбараки «ҶИП»-аш нишаста тамоми ноҳияро чарх зад. Падару модараш дар хонааш зиндагӣ мекарданду ташвишҳои рӯзгорро медиданд, Бунёдча кайҳо аз синаи модар ҷудо шири сунъӣ мехӯрду бо бибияш ҳам ором бозӣ карда хоб мерафт. Ба Гулбоғ Худо дода буд… Ҳарчанд падараш бечора духтар ватанро ёд кардааст, мон хуб чарх занад гӯяд ҳам, дили Холаи Сайлонбӣ ором набуд, зеро беҳуда нагуфтаанд «феъли саг ба соҳибаш маълум»… Гулбоғ ҳамин тавр се рӯз пайи ҳам беҳдую баҳуда дар кӯчаҳои ноҳия мегашт, бозорҳоро тамошо мекард ба навбат ба хонаи хоҳаронаш мерафт, ҳамсинфонашро бинад ҳам ба онҳо салом намедод. Ҳам Амир ва ҳам Бахтиёрро дид, ки аз наздаш бо мошинҳои арзонбаҳои худ сигнал дода гузаштанд, Гулбоғ танҳо бо ними лаб саломашонаро алейк гирифту армонашро шикаст… Рӯзи чоруми сайругашташ буд, ки мошини аз мошини худаш қиматбаҳотар наздаш қарор гирифта аз дохилаш ҷавонмарди зебое фаромада ба назди Гулбоғ омада гуфт:- Чандин сол боз ба ин ноҳия омада меравам, аммо якум бор мебинам, ки ин ҷо парӣ гашту гузор дорад… Гулбоғ бо чашмони бозингар ба ҷавонмард нигоҳе партофта гуфт:-Эҳтиёт, боз паривара нашавед! Ҷавонмард коғазакеро аз тирезаи мошини Гулбоғ ба дарун партофта гуфт, кошкӣ ҳамин тавр шавад. Ман розиям, ки як умр ҳамин гуна парӣ азобам диҳад…. Гулбоғ назари кунҷковонаи чанд нафарро ба сӯяш дида зуд ба мошинаш нишаста роҳи деҳаро пеш гирифт…

                          Шавҳари меҳрубон

Нав ба хона расида буд, ки телефонаш занг зад, аз он тараф Нозир бо навозиши зиёд ҳолу авҳол мепурсид. Гулбоғи маккора дар ҷавоб гуфт:-Мардакҷон, шиштам ҳамин ҷо зиқ шуда, нав Бунёдҷонро хобондаму хеста хӯрок пухтаниям. Модарам хобанду падарам дар боғ алаф медараванд, Нозир бо пазмонӣ гуфт:-Гулиҷон, агар медонистӣ, ки чӣ гуна ёдат кардаам. Хайр хезу биё… Нозирҷон як ду моҳи дигар сабр намо, албатта бармегардем. Ҳавои деҳа ба Бунёдҷон ҳамин қадар форидааст, ки рӯз то рӯз фарбеҳтару зеботар мешавад, ҳозирт аз хоб хезад сураташро гирифта равонат мекунам- гуфт бо оҳанги пур аз макр Гулбоғ. Нозир боз як дунё суханҳои зеборо нисори ҳамсару фарзандаш намуда бо онҳо хайру хуш кард ва гуфт, ки охири моҳ албатта пулашон мефиристад.Гулбоғ бошад бо овози олудаи ноз посух дод, ки дар деҳа пул чӣ даркор аздусар аз хона набароем… Аммо Нозир бо меҳрубонӣ ҷавобаш дод, ки чаро намебароӣ, мошинрониро ёд гирифтаӣ, кам-кам маркази ноҳия рав, кампири Марямро хабаргирӣ рав, чӣ ту дар хона побандӣ? Гулбоғ пас аз ним соати гуфтугӯ бо шавҳар бо ӯ хайру хуш кард, аммо дилаш кашоли шиноси наваш буд. Чун коғази ба мошинаш ҳаво додаи ӯро ёфта хонд он ҷо чунин навишта шуда буд:- Сарват Аҳмадзода-директори ширкати тиҷоратии «Тиллоӣ сафед»… Акнун ҳушу ёдаш банди ҷавонмарди болобаланди абрӯсиёҳ буд, аммо чизе намегузошт то ба ӯ занг занад….

                                                                    

                             Шубҳаи модар

Гулбоғ рӯзи дигар аз хона берун набаромад, чунки модараш ба ӯ бо назари шубҳа нигариста насиҳатомез гуфт:-Ҳой духтар, ҳушатро дар сарат бигиру поятро дар роҳи рост мон! Дар деҳа бадном шудан ягон душворӣ надорад, ин ҷо қонуну қоидаҳои худро дорад, ин шаҳр нест, ки касе ба каси дигар кор надошта бошад! Барои гап заданат бо марди бегона ё нигоҳ карданат ба номаҳрам, метавонанд дар ҳаққат суханҳои бади зиёде паҳн шаванд. Ту шукронаи бахти баланд, шавҳари мард ва фарзанди дӯстрӯякатро намо, як поят дар хорнаю полйи дигарат дар гази мошин…. Гулбоғ аз ин ҳушдори модар ба андеша рафта пас аз чанде бо лабханд посух дод:-Очаҷон, ман бо кадом номаҳрам гап задаам? Ҳатто ба саломи ҳамсинфонам дуруст алейк намегираму… Худи Нозирҷон мегӯяд, ки дар хона зиқ шуда нашину бо мошинат ноҳияро чарх зан, кампири Марямро хабар гир, шумо бошед….. Модар оҳанги гапзанияшро дигар накарда афзуд:- Як соддаи дигар ҳамон Нозирҷонат, дар шаҳри урус гашта худаш ҳам урус шудааст… Наход мард занашро гӯяд, ки зиқ шуда нашину чарх зада гард?! Хайр ӯ ку маълум, аммо ту зан астӣ ва бояд обурӯи худат шавҳаратро ҳифз намоӣ, ман модарам ва мебинам, ки ту чӣ азме дорӣ, ки он хуб нест…. Э-фолбин шуда равед, очаҷон! Шуморо ба барноми тевезионии Руссия «Муборизаи фолбинҳо» бурдан даркор, албатта ҷойи аввалро мегиред. Ман чӣ азм доштаам, наход шумо ба ман ба духтари дилу ҷигаратон бовар накунед, ман шуморо дар даврони духтариям шарманда накардаму акнун, ки соҳиби шавҳари ба қавли худатон нозанину зиндагии обод ҳастам ба шармандагӣ даст мезанам?! И… Аҷиб… ё ман ақл надораму ягон духтари бероҳаам?! Модар баъди ин вокуниши духтараш каме хотираш ҷамъ шуду бо мулоиматӣ гуфт:-Гулбоғҷон, ту ин қадар зебоӣ, шавҳарат бо садоят лаббай мегӯяд, хушбахтӣ, метарсам, ки чашми бад нарасад… Гулбоғ нафаси осуда кашиду ба хонаи дигар гузашт то як соат дам бигирад, холаи Сайлонбӣ аробачаи сафеди оҳарии Бунёдҷонро тела дода ба хонаи хоби худаш даровард. Кӯдак бехабар аз каш-кашу ташвиши дунё масти хоб буд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД