arzon replenishment
Ғуломи хоҳаршӯ (ҚИСМИ 1)
4007

Хуштарбия

Шоҳида дар оили серфарзанд, дар деҳаи зебоманзаре ба дунё омадаву ба воя расидааст. Падараш директори мактаб, модараш бошад, хонашин буд. Шаш духтар ва чор писар аз падар виқору ору номус, аз модар бошад, меҳнатдўстию озодагиро мерос гирифтанд. Модари Шаҳодат ҳамеша ба духтаронаш таъкид карда мегуфт: “Новобаста аз он ки шумо дар куҷо мехонед, чӣ вазифа доред, бояд зан бошед. Тамоми ҳунарҳои занонаро ёд гиреду фардо назди хешу табори ҳамсар забонкўтоҳ набошед”.

Духтарон аз таҳти дил меҳнат мекарданд, онҳо дар боғу замини наздиҳавлигияшон заҳмат кашида, пули хуб меёфтанд. Падари омўзгораш нисфи меваву маҳсулоти полезиашонро барои захираи оила монда, боқимондаашро бурда, дар бозор барои фурўш медод. Писарони оила ба чорводорӣ машғул буданду маблағи хуб меёфтанд, онҳо бар замми меҳнат кардан дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонданд. Азбаски тарбияи дуруст доштанд, бародарон пайи ҳам мактабҳои олиро хатм карда, соҳиби кори хуб гаштанд ва бо навбат хонадор шуда, хонаҳояшонро ҷудо карданд. Хоҳарони нозанинашон низ харидорони зиёд доштанд, вале аввал мехонданд, дипломашонро мегирифтанду баъд оиладор мешуданд. Хонаву дари падарӣ ба бародари аз ҳама хурдӣ монд. Шаҳодат кенҷадухтари оила ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Ду апааш дар коллеҷи тиббӣ хонда буданду боқимондаҳо пушти касби падар рафта, омўзгор шуданд. Домодҳо ҳам аз ноҳияи худашон буданд. Падарашон бо шӯхӣ мегуфт, ки “писарон бояд аз дигар маҳалҳо келинҳои хондагӣ гиранд, иҷозат, онҳо ба ноҳия мутахассис меоранд. Аммо духтарон бояд ба ноҳия баргарданд, домод бояд ҳамшаҳрии худамон бошад”. Шоҳида ин қонуни нонавиштаи падарро вайрон кард.

Чилкокул

Шоҳида дар донишгоҳ низ хеле фаъол буду ҳама дўсташ медоштанд, ин духтари кабудчашми тилломўй, ки бештар ба русҳо монанд буд, ба касе кор надошт. Ҳамеша дар ҷустуҷўи илм буд…

Ба нозанини деҳотӣ ҷавони шаҳрие ошиқ шуд, вале духтар ягон бор ба нигоҳи ў ҳатто табассум намекард. Зафар аз ҳамшаҳриҳои Шоҳида, ки дар курсҳои болоӣ таҳсил мекарданд, фаҳмид, ки духтар ситораи дастнорас асту ҳаргиз насиби бачаи шаҳрӣ нахоҳад шуд. Падари сахтгири ў як шиор дорад, аввал диплом, баъд шавҳар. Зафар шаш соли дароз интизор шуд ва умед дошт, ки парипайкар насибаш хоҳад шуд. Шоҳида ба ҳамкурсаш ҳатто ҳамкурсвор ҳарф намезад, зеро нигоҳҳои бепардаашро дўст намедошт. Шояд дар донишгоҳ Шоҳида ягона духтаре буд, ки шаш соли дароз мўйҳои то хами зону дарозашро чилто бофта мегашт. Устодон ўро чилкокул мегуфтанд. Ба духтарони замонавӣ таърифи устодон намефорид ва байни худ мегуфтанд:

- Ин «қиш» бало будааст, Зафар барин бойбачаро назараш намегирад!

Гулракат, ки дар ишқи Зафар сўхта мегашт, асабиёна писханд мезад:

- Эҳ, кӣ медонад, шояд ин рўзона ҳамин хел худаша нишон медиҳаду шаб дигар хел аст. Ҳеҷ бовар надорам, ки бе бўсу канор як ҷавони нозанинро ҳамин хел ҷоду карда бандӣ!

Гулбаҳор, ки Шоҳидаро дўст медошту бо вай дугона буд, Гулракати аз дасти рангу бори зиёд ба лӯхтак монандро бадтар асабӣ карда мегуфт:

- Дугонаи ман Зафари шуморо дар чилкокулаш ҷоду карда бастагӣ, беҳуда ҷон наканед.

Чилкокулро кай парвои баду неки дунё буд, мехост армони падари пирашро шиканад, духтур шуда, ба ноҳия баргардад.

(Давом дорад)

Рухсора САИД    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД