Formula novemver 2024
“Ҳулбук” чемпиони Тоҷикистон шуд
357

Байни дастаҳои Лигаи якум дар соли 2024 тими футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ чемпиони Тоҷикистон эълон шуд.

Дар ин бора Сомон Орифзода, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ хуб ҳунарнамоӣ намуда, тавонист, ки баъди пирӯзиҳо бар ҳарифон бо гирифтани 62 имтиёз мақоми якуми Лигаи якумро соҳиб шавад.

Тими футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ ҳамчун чемпион дар мавсими соли 2025 ба Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ роҳхат гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД