Оё занон метавонанд мӯйи сарашонро тарошанд?
Самира, ш. Хуҷанд.
Барои зан ҷоиз нест, ки мӯи сарашро тарошад, магар дар ҳолатҳои зарурӣ, ба монанди беморӣ ҷарроҳӣ ва ғайраҳо.
Ривояте ҳаст, ки аз Абуабдуллоҳ дар бораи зане пурсиданд, ки аз нигоҳубини мӯяш ва аз табобати он оҷиз аст, оё мувофиқи ҳадиси Маймуна, мӯяшро бигирад?
Гуфт: Ба хотири чӣ онро мегирад? Ба ӯ гуфтанд: Наметавонад ба мӯяш равған бимолад ва онро ба тартиб дарорад ва ҳашарот дар он ҷо паҳн мешавад. Гуфт: Агар ба хотири зарурат бошад, умедворам, ки дар ин кор ҳеҷ боке нест.