Суди вилояти Суғд соли гузашта 12 парвандаи ҷиноятиро дар робита бо дастдарозӣ ва таҷовуз ба номус нисбати 26 нафар баррасӣ кардааст, ки 7 нафари онҳо ноболиғ будаанд.
Дар ин бора муовини аввали раиси суди вилоят Тоҷиддин Ҳафиззода зимни нишасти матбуотӣ маълумот дода, гуфтааст, ки се нафар барои таҷовуз ба номус ба ҳабси абад маҳкум шуда, 23 тани дигар бо ҳукми суд аз 20 то 25 сол равонаи зиндон гаштаанд.
Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 49 ҷинояти таҷовуз ба номус содир гаштааст, ки нисбат ба як соли пеш 8 ҳолат бештар аст.