Arzon march 2024
Қудрати зан (ҚИСМИ 1)
09.01.2025
АРДАШЕР
1642

- Салом Фаррух!

- Э-еее, киро мебинам... Ба чашмонам бовар намекунам. Хобам ё бедор? Юсуфи гумгашта ку!

- Э чаро ин тавр мегӯйӣ Ҷамшедҷон, дар ҳаминҷо гаштаем.

- Куҷо равонӣ? Биё шин, мебарам.

- Не-не, ман дигар ҷо меравам.

- Хайр биё шин, мебарам. Куҷое равӣ, мебарам. Чанд вақт аст, ки ҳамдигарро надидаем. Суҳбаткунон тафти якдигарро мегирем,- гуфт Фаррух ба дӯсти қаринаш, ки солҳо ҳамдигарро надида буданд.

Ҷамшед каме дудила шуда истоду сипас гуфт:

- Хайр намондӣ - намондӣ. Биё савор шавам. Рост мегӯйӣ, дидор ғанимат аст.

- Фаррухҷон, хуб ҳастӣ? Корҳоят хубанд? Сафарҳо ба хайр?

- Хубам Ҷамшед. Барои истироҳат омада будам. Шукр, ки корҳоям низ хеле хубанд. Ҳоло роҳбарии як корхонаро ба зимма дорам,- хушҳолона гуфт Фаррух.

- Беҳтарин. Ман ку барои як кор инҷо омада будам.

- Ту чӣ кор мекунӣ дар ин кӯчаҳо? Хонаат ку дар инҷоҳо нест?

- Ростӣ намедонам, Фаррух. Худам ҳам ҳайронам, ки чӣ тавр ин кӯчаҳо омадам. Бо чӣ фикре банд будам, ки нохост бинам, кӯчаҳои бегона... Ҳайрон-ҳайрон равон будам, ки туро дидам.

- Туро дидор ба ин ҷо овардааст!,- қоҳ-қоҳ хандида, гуфт Ҷамшед.

- Чӣ хел дидор?,- ҳайрон шуда пурсид Фаррух.

- Дидори дӯст!

- Ҳа, ин тавр гӯй. Шояд чунин бошад. Зери ҳар кор ҳикмате ҳаст мегӯянд. Худат хуб ҳастӣ? Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

- Ё аз ҳамин кӯчаҳо хона харидӣ?

- Не-не. Ман инҷо бо як коре омада будам.

- Ба хайр? Ё бо ягон арӯсат мулоқот доштӣ?,- шӯхиомез гуфт Фаррух.

- Э не, кадом арӯс? Маро медонӣ ку, як бачаи шармгинам. Агар бо духтаре гап занам, анор барин сурх мешавам. Наход арӯс дошта бошам?

- Шӯхӣ кардам. Ба одами оиладор арӯсбозиро кӣ мондааст? Ғайр аз ин, духтареро умедвор карда, бо ҳазору як ваъда фиреб додан кори мардон нест. Агар мақсаду ҳадафат оиладор шудан бошаду дилу нияти пок дошта бошӣ, ин гапи дигар,- ба Ҷамшед як нигоҳ карду боз ба роҳ нигаристу чамбаракро бо дастонаш молиш дода, гуфт Фаррух.

- Ҳа, бале, вале мутаассифона баъзе мардҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди доштани фаришта барин зани зебо, кордону тамизгар ва меҳрубону оқил боз ба қавле "ойимбозӣ" мекунанд. Фикр мекунам, агар касе ба қадри ҳамсараш намерасад, чашмонаш кӯр мешавад. Худ қазоват кун, агар дар сафар бошӣ, моҳҳову солҳо туро интизор мешавад. Чун посбон амволатро бе ягон хиёнат ҳифз мекунад. Пулҳои фиристодаатро бошад, сарфакорона истифода мебарад.

Ҷамшед каме сукут намуда, табассуми малеҳе карду гуфт:

- На танҳо ҳамсари ман, балки чандин бонувонро медонам, ки пули аз муҳоҷират фиристодаи шавҳарашонро менависанд. Дирам ба дирам пули истифодабурдаашонро навишта, чизи гирифтаашонро қайд мекунанд. Магар ба чунин зани поктинату покиффат хиёнат кардан кори мард аст? Бин! Агар дар кор бошӣ, зан соатҳо роҳи туро интизор мешавад. Барои пешвози ту соатҳо омода мешавад. Хушбӯйтарин атрҳояшро зада, худро орову торо медиҳад, то ризогиятро ба даст орад. Ғайр аз ин, соатҳои дигар ба корҳои нотамоми хона машғул мешавад. Бароят беҳтарин ва лазизтарин хӯрокҳоро омода месозад. Каму кости рӯзгорро рӯйпӯш мекунад. Бонувони имрӯз баробари мардон, ҳатто аз онҳо зиёд кор мекунанд. Ба буҷети оила пул меоранд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, боз ба корҳои хона ҳам фурсат меёбанд. Либосҳоро мешӯянд, хонаро тамиз мекунанд...

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД