ИДОМААШ...
Шабнам аз падару бародаронаш сахт хафа буд, барои ҳамин ҳаргиз ба онҳо шикоят набурда, ҷабру зулми Акрамро хомӯшона таҳаммул мекард ва бо ашки шашқатор канизияшро идома медод.
Гунаҳкори бе гуноҳ
Як шом Акрам барои писарчаи Зулола туҳфаҳо харида назди маъшуқааш рафт, вале зан дарро ба рӯяш накушода гуфт:
-Аввал беваи қоқи сиёҳатро талоқ деҳ, баъд назди ман биё, ба ман таги табақ даркор нест! Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ ман шавҳар мекунам… Акрами аз ҷаҳл девонашуда ба хона омада, Шабнамро машғули тунук кардани зувола дид. Шабнам шавҳарашро бо табассум пешвоз гирифта гуфт:
-Хайрият барвақт омадед, ман манту пухта истодаам…
Акрам чизе нагуфта тираки дар болои суфра бударо бардошта ба фарқи сари занаш зад. Шабнам беҳушу бе ёд ба рӯйи фарш афтид ва хун аз сараш мисли фаввора ба замин шорид.
Хусураш Шабнамро ба духтур бурда, дурӯғ гуфт, ки келин тирезаҳоро шустанӣ шуда аз болои нардбон афтидааст.
Ҳукми падар
Пас аз талоши зиёди духтурон Шабнам каме ба худ омада ба зӯр гап мезадагӣ шуд ва аз падару бародари калонияш, ки ба хабаргирияш омада буданд, хоҳиш кард, ки ӯро ба хонаи худашон баранд, чунки дигар тобу тоқати дар ҷаҳаннамхонаи шавҳар зистанро надорад. Падараш ришашро қабза карда дар ҷавоби хоҳиши Шабнами нимҷон хунсардона гуфт:
-Духтарам, мо эшонзодаем, барои мо нанг аст, ки духтарамон аз шавҳараш ҷудо шавад. Ҳеҷ гап не, розӣ шав, ки домод зан гирад, чӣ илоҷ тақдират ҳамин будааст, охир аз шумоён фарзанд намешавад-ку! Ту хизмати хусуру хушдоманатро карда гард…
Шабнам дигар чизе нагуфт…
Палонҷҳо
Баъди аз беморхона баромадани Шабнам Акрам ба таври расмӣ аз вай ҷудо шуда бо Зулола аз қайди никоҳи давлатӣ гузашт. Келини нав чунон мағруру ҳавобаланд буд, ки ногуфтанӣ, на хусуру хушдоманро назараш мегирифту на хоҳаршӯҳояшро заррае писанду манзур мекард. Акнун хоҳарони шавҳараш ба янгаи меҳнатрӯзияш Шабнам меҳрубон гашта, сояи бародарашонро аз девор метарошиданд. Хоҳаршӯйи калонӣ ваъда дод, ки ин даъфа писар зоида ба Шабнам медиҳад. «Мо туро хор шудан намемонем» бо як овоз мегуфтанд хоҳарони шавҳараш, вале…
Мурдаи аз гӯр берун
Вақтҳои охир дарди сар Шабнамро сахт азоб медод, ба ғайр аз ин, дилаш низ иллат пайдо карда буд. Як шом шавҳари дузанааш Акрам боз дупула гапро баҳона карда, Шабнамро зери мушту лагад гирифт ва ҷавонзан аз ҳуш рафт. Хусураш, ки аз аввал пуштибони Шабнам буд, келини меҳнатрӯзияшро ба беморхона бурд ва беҳтарин табибонро ёфта овард. Профессори айнакдор натиҷаи ташхисҳои гузаронидаи табибонро аз назар гузаронд ва Шабнами бе ҳушу бе ёдро, ки мурдаи берун аз гӯрро ба ёд меовард, муоина намуду лаб газида гуфт:
-Захми кӯҳнаи аз мавзеи мағзи сараш бардошта, оҳиста-оҳиста ӯро ба чунин ҳол овардааст. Мо тамоми кори аз дастамон омадаро мекунем, аммо гумон мекунам, ки бемор ба ҳуш наомада вафот мекунад….
Профессори айнакдор Шабнами бе ҳушу бе ёдро, ки мурдаи берун аз гӯрро мемонд, муоина намуд ва лаб газида гуфт:
-Мо тамоми кори аз дастамон омадаро мекунем, аммо гумон мекунам, ки бемор ба ҳуш наомада вафот мекунад….
Акрам дар дами марг будани ҳамсари меҳнаткашашро донад ҳам, аз тарси зани пулмасту худхоҳаш Зулола, ки баъди расман бо ӯ ақди никоҳ бастан ба қавли кампиракон буҷулаш асп хеста буд, ягон бор ба беморхона ба аёдати Шабнам нарафт. Аз аҳли оилаи шавҳараш танҳо хусур ва хоҳаршӯи калонияш, ки шавҳараш тоҷир буд ва аз Зулола сахт ранҷида, ӯро аз бало ҳам бадтар медид, барқасди келини нави мағрурашон, ки касеро манзуру писанд намекард, барои зинда мондани Шабнам мубориза мебурданду халос…
Бачаи худодод
Шоҳин донишгоҳи иқтисодиро дар Маскав хатм карда дар бонки шахсии падари як ҳамсабақаш ба кор даромад. Дониши хуб, ки дошт, тамоми супоришҳои сардорро сари вақт ва бо сифат иҷро мекард ва аз роҳбарият аҳсан мешунид. Бачаи боинтизом ва меҳнатқарин буданашро дида, сардор барои ин ҷавони ояндадор тамоми шароитҳоро фароҳам меовард, то рушд намуда, мутахассиси хуб шавад ва дар оянда ҷойгузини ӯ гардад. Шоҳин дар хонаи зебое, ки бонк дар ихтиёри ӯ гузошта буд, зиндагӣ мекард ва маошашро ҷамъ мекард, то бо пули худаш хона харида, дар Маскав соҳиби манзили шахсӣ шавад. Барои он ки модару хоҳаронаш азоб накашанд, рӯзҳои истироҳат вай рангу бор, кафелчинӣ ва дигар корҳои ба қавли мардуми рӯз сиёҳро иҷро мекард ва маблағи аз ин ҳисоб меёфтаашро ба хонаашон мефиристод. Бо кӯмаки Шоҳин хоҳараш Донишгоҳи омӯзгориро хатм намуда, дар мактаби деҳа ҳамчун муаллима ба кор даромада буд. Модараш пули аз фурӯши меваи боғ ба даст меомада ва маблағи ҳар моҳ мефиристодаи Шоҳинро ҷамъ карда, хонаю дарашонро таъмир намуд ва дар фикри келинкобӣ афтид…
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!