Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон бо андуҳи гарон хабар додааст, ки Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Абдураим Абдуваҳобов имрӯз дар синни 57 – солагӣ вафот кард. Сабаби марги ҳунарманд маълум нест.
Абдураим Абдуваҳобов 8 августи соли 1963 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Ӯ дар бисёр филмҳо, аз қабили "Ғавғои як Бола", "Суюнчи", "Муҳаббат синовлари", "Назира", инчунин дар силсилафилми "Шайтонҳо" ва дигар спектаклҳое, ки дар Театри миллии академии драмавии Узбакистон гузошта шудаанд, нақш меофарид.
Маврид ба ёдоварист, ки Абдуваҳобов дар замони Шӯрави дар аксари филмҳои Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" нақшҳои хотирмон офарида буд, аз ҷумла дар филми “ Джура – охотник из Мин –Архара“, ки ҳанӯз симои писарбачаи ғафсаку тарсу бо номи Қучкор (ҳамсафари Ҷӯра – шикорчӣ) аз ёдҳо намеравад.