Дар соли таҳсили 2023-2024 нақшаи қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тариқи маркази Миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 96% иҷро шудааст.
Дар ин бора Убайдулло Асрорзода, Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зимни нишасти хабарии донишгоҳ маълумот доданд.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар соли таҳсили 2023-2024 ба донишгоҳ панҷоҳ донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбакистон, Федератсияи Россия ва Афғонистон дохил шудаанд.
Айни ҳол дар донишгоҳ 424 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки 14 декабри соли 2023 бинои нави таълимии Филиали донишгоҳ дар вилояти Хатлон бо иштироки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.