Дар Русия шуруъ аз 1-уми апрел тағйирот ба Қонуни федералӣ “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” эътибор пайдо мекунад, ки яке аз бандҳояш беэътибор донистани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ аст.
Дар шарҳи ин тағйирот гуфта шудааст, сарфи назар аз он, ки ронандагони дорои шаҳодатномаи хориҷӣ ё байналмилалӣ таҷрибаи амалии ронандагиро доранд, вале қоидаҳои ҳаракат дар кишварҳо фарқ мекунанд. Аз ин рӯ, хориҷиён бояд қоидаҳои дохилии ҳаракатро дар Русия омӯзанд.
Тибқи ин тағйирот акнун фаъолияти шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ ё байналмилалӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, ба истиснои Беларус беэътибор хоҳад шуд.
Ҳамин тавр, тибқи тағйироти мазкур ба ронандагон 1 сол муҳлат дода мешавад, то ҳуҷҷати худро бо санади русӣ иваз кунанд. Барои ин ронанда бояд ба пулиси роҳ имтиҳони назариявӣ супорад. Вале ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва боркаш бояд аз давраи таҷрибаомӯзӣ гузаранд.
Барои риоя накардани ин тағйирот ронандагон аз 5 то 15 ҳазор рубл (қисми 1-и моддаи 127-и Кодекси маъмурӣ) ҷарима хоҳанд шуд.