Шуруъ аз имрӯз, 1-уми сентябри соли 2025 ҳуҷҷатгузории муҳоҷирон дар Русия қиматтар мешавад.
Болоравии арзиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷорӣ гаштани боҷи давлатӣ барои дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, гирифтани иҷозатномаи кор ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим, ки муҳоҷирон бидуни он дар Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ карда наметавонанд, алоқаманд мебошад.
Аз 1-уми сентяб муҳоҷирон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои зерин бояд боҷӣ давлатӣ супоранд:
1. Барои дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштани муҳоҷир - 500 рубл (қаблан ройгон буд).
2. Барои тамдид, яъне дароз кардани муҳлати будубоши муваққатӣ - 1000 рубл.
3. Барои тамдиди муҳлати иҷозатномаи кор ё азнавбақайдгирии патент - 4200 рубл.
4. Барои гирифтани нусха (дубликат)-и иҷозатномаи кор ё ворид намудани тағйирот ба он - 2100 рубл.
5. Барои худро дар ҷойи истиқомат дар қайд гузоштан - 1000 рубл (қаблан 420 рубл буд).