Arzon march 2024
ТӮЮ МАЪРАКАҲО МАҲДУД КАРДА ШУД!
8116

 Кумитаи дини Тоҷикистон баргузории тӯю маъракаҳоро маҳдуд кард, вале масҷидҳо ба шарти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баста намешаванд.

Дар барқияе, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон ба сомонаи "Оила. ТЧ" фиристодааст, омадааст, ки ба хотири пешгирии беморӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва кам кардани шумораи меҳмонон зимни баргузории тӯю маъракаҳо ва маросими дафну азодорӣ ҳатмӣ буда, аз ҷониби шахсони масъул дар байни аҳолӣ сари ин мавзӯъ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд.

Афшин Муқимов, сухангӯйи кумитаи дин дар сӯҳбат бо мо ин мавзӯро шарҳ дода, изҳор дошт, ки ҳадафи асосӣ пешгирии хурӯҷи сар то сарии ин бемории сироятӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа мебошад.
“Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ бо шумораи камтари меҳмонон ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гузаронидани тӯю маъракаҳо зарур мебошад...”
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои баргузории маъракаю маросимҳо ҳатмӣ буда, дар ин робита аз ҷониби шахсони масъул дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондаҳӣ бурда мешаванд.

Ногуфта намонад, ки ситоди ҷумҳуриявӣ қатъан талаб кардааст ҳангоми баргузории ибодатҳои дастаҷамъона пӯшидани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пайваста тамиз (дезинфексия) кардани бинои масҷид ва дигар қоидаҳои беҳдоштиро иҷро намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД