Тамоми арӯсу домодҳо кӯшиш мекунанд, ки тӯяшон бошукӯҳ ва хотирмон гузарад, вале маҳфили арӯсиву домодии ду ситораи турк Озгӣ Гюрел ва Серкан Чайоғлуро натанҳо худи шаҳу арӯс, балки меҳмонони ин ҷашни афсонавӣ низ як умр фаромӯш нахоҳанд кард.
Ин тӯй аз зумраи тӯйҳои ангуштшуморе буд, ки дар васфашон мегӯянд: “Тӯйи тиллоӣ”. Арӯси нозанин бо куртаи ҳарири сафедаш ба фариштаи ҳақиқӣ шабоҳат дошт, ки аз осмони пурҷило ба замин фуруд омадааст, домоди хушбахт аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид...
Верони - шаҳри ошиқон
Озгӣ ва Серкан тӯйи тиллоии арӯсиашонро дар шаҳри Верони Италия гузарониданд, зеро ишқи онҳо маҳз дар ҳамин шаҳр, ки баъди Париж дуюмин шаҳри орзуҳои ошиқон ба шумор меравад, тавлид ёфтааст...
Озгӣ ва Серкан 7 сол қабл ҳангоми наворгирии сериали “Вишневый сезон” дар шаҳри Верони Италия ба ҳам дил бастанд. Маъмулан одамони машҳур булҳавас буда, ишқу муҳаббаташон мисли борони баҳорӣ даргузар аст, аз ҳамин хотир Озгӣ ҳам дар оғоз фикр мекард, ки оташаки қалби Серкан низ ба зудӣ хомӯш гашта, думболи зебосанами дигаре меравад, вале ишқ ин марди номдорро он қадар дар тобу тобаш сӯхту гудохт, ки мисли Маҷнун бо тамоми ҳастӣ ошиқ шуд-ошиқи зори Озгии нотакрораш.
Савганди ишқ
Барои ба даст овардани дили Озгӣ Серкан тӯли 7 сол мубориза бурда, борҳо дар назди ин зебосанам ба зону зад ва дасташро пурсид. Ниҳоят баъди 7 сол Озгӣ ба самимӣ будани эҳсосоти Серкан боварӣ ҳосил карда, дилашро рӯйи кафи дасти ин йигити хушқавора гузашт ва онҳо тӯйи тиллоӣ ороста, дар шоҳидии худову халқ ва ёру дӯстонашон қонунан зану шавҳар шуданд. Озгӣ қавл дод, ки то нафаси охирин ба Серкан вафодор мемонад, домоди хушбахт арӯси паричеҳраашро рӯйи даст бардошта, ваъда дод, ки то ҷон дар бадан дорад, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ба пойи Озгии фариштахисолаш хоре халад...
Арӯсии шоҳона
Серкан Чайоғлу ҳамчун марди ҳақиқӣ рафтор карда, барои Озгии нозанинаш чунон тӯйи пуршукӯҳе орост, ки танҳо шоҳзодаҳо барои маликаи худ чунин арӯсии пуртантана ороста метавонанд. Тӯй дар виллои Риссард баргузор гашт, ки яке аз қимматтарин виллоҳои шаҳри Верони Италия ба шумор меравад. Домоди ҳотамнажод танҳо барои ба иҷора гирифтани ин вилло 90 ҳазор лира додааст. Барои ҳар як меҳмони ба ин тӯйи тиллоӣ қадам ранҷа намуда соҳибони маърака 75 евро пардохт намуда, дар маҷмӯъ дар як шаб зиёда аз 140 ҳазор сум пул сарф намуданд, вале маҳфил дар ҳақиқат арзиши инро дошт, зеро дар болои мизҳои тӯёна ба ғайр аз шири мурғу ҷони одам дигар ҳама нозу неъматҳои дунёӣ ёфт мешуд...
2 ҳафта барои 1 арӯс
Бо супориши Серкан Чайоғлу моделерҳои яке аз машҳуртарин хонаҳои мӯди олам Vakko Coutute барои Озгӣ якбора 2 куртаи арӯсӣ дӯхтанд. Ин куртаҳо чунон ба арӯси хушбахт писанд омаданд, ки анъанаи 1000-соларо шикаста, дар шаби тӯяш ду бор либосашро иваз намуда, гоҳ бо як куртаву гоҳ бо куртаи тамоман тарҳаш дигари арӯсӣ дар сари тахт паҳлӯи домоди дилкушодаш ҷилвакунон нишаст...
100 меҳмони олиқадр
Дар тӯйи тиллоии арӯсу домоди хушбахт Озгӣ Гюрел ва Серкан Чайоғлу рассо 100 меҳмони олиқадр иштирок доштанд. Домоду арӯси чун Шамсу Қамар зеборо суратгири машҳури фаронсавӣ Николя Жерардан аксбардорӣ намуда, хушбахттарин лаҳзаҳои ҳаёти ин ду ҷавони зебову шӯҳратёрро барои ҳамешагӣ дар китоби таърихи умрашон акксоӣ намуд. Дар байни меҳмонони воломақоме, ки танҳо ба хотири муборакбод гуфтани Озгӣ ва Серкан бо ҷашни висолашон ба шаҳри Верони Италия сафар карданд, ситораҳои дурахшони синамои турк Пелин Қарахон, Аҳмад Курах, Ниҳол Ишикчасан ва Зуҳал Адҷар низ буданду ба ин арӯсу домоди рашки ҳуру париён бахти сафед таманно намуданд.
Ф. Сатторӣ