Arzon march 2024
Тӯйи хунини Шаҳло (ҚИСМИ 2)
10.05.2024
Т. АЗИЗ
3035

Шаби васл

Бо тӯю тамошо Шаҳлоро арӯс карда ба хонаи бахташ, яъне хонаи Алишерино оварданд. Янгаҳои аз паси арӯс омада, пас аз зиёфатхӯрию либоспушонӣ бо арӯсак хайрухуш карда, ба хонаҳои худ баргаштанду домодро таги чодар дароварданд. Шаби висоли ду ҷавони дилдода ширину гуворо гузашт. Домоди аз шаҳди васли маликаи орзуҳояш сармастро аз хастагӣ хоб бурд. Шаҳло берун рафтан мехост, вале шарм медошт, ки Алишерро бедор кунад, дар ин поси шаб тирезаи хушдоманашро ҳам тақ-тақ карда наметавонист. Тоқаташ тоқ шуду ночор тани танҳо берун баромад. Дар хонаи худашон ҳар гоҳ дилаш хоҳад, бемалол берун мебаромад, вале ҳавлии калони падаршӯяш дар назари арӯсак бисёр даҳшатовар ва ҳавлангез менамуд.

Сагҳои ваҳшӣ

Ҳама аҳли оила баъди даву този тӯй монда шуда, масти хоб буданд. Моҳтобшаб бошад ҳам, на ҳама чизро дидан мумкин буд. Шаҳло тӯри сафеду қоштиллоӣ арӯсӣ дар сар қариб ба ҳоҷатхона наздик шуда буд, ки аз бехи дарахтони себ якбора ду саг бо шаст ба сӯяш давиданд. Хост дод занад, вале аз тарс садояш гум шуд. Ҳарчанд кӯшиш мекард, овозаш намебаромад. Сагҳо ба ӯ ҳуҷум карда, аз куҷои баданаш, ки рост меомад, мегазиданд. Баъдтар арӯсак аз зӯрии дарду тарс фарёди ҷонкоҳе кашид, вале касе ба имдодаш нарасид. Ҳама гӯё куру кар шуда буданд, ки ҳатто аккоси сагони дайдуи гурусна онҳоро бедор карда натавонист. Шаҳло аз дарду тарс беҳуш шуд.

Бозёфти хунин

Субҳидам хушдомани Шаҳло холаи Саврӣ аз хоб бедор шуда, тарадуди намозхонӣ кард. Ҳавлӣ норӯфтаю бетартиб буд. Гумон кард, ки арӯсаки нав дар хоб мондааст. «Хайр, ҳозир мехестагист» гӯён, ҷониби ҳоҷатхона рафт. Ҳанӯз ба ҳоҷатхона нарасида, чашмаш ба манзараи хунин афтиду фиғони ҷонкоҳе кашид. Аз фарёди ҷонкоҳонаи соҳиби хона ҳама аз хоб бедор шуданд ва давида ба берун баромаданд. Саврихола аз дидани арӯсаки сагҳо лах-лах карда, ки Шаҳло буданашро базӯр аз либосҳояш шинохтан мумкин буд, талхакаф шуда, дар рӯи замин беҳушу беёд мехобид. Арӯси якшаба Шаҳлои номуродро, ки аз беақливу ба зиндагии мустақил тайёр набудан ва беаҳамиятии калонсолон ҷони ҷавонашро бохта буд, мардуми деҳа ба хок супориданду холаи Савриро, ки як тарафаш фалаҷ шуда буд, духтурҳо ба занбар бор карда, бо мошин ба беморхона бурданд.

Т. АЗИЗ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД