Arzon march 2024
Тӯйи хунини Шаҳло (ҚИСМИ 1)
09.05.2024
Т. АЗИЗ
3293

Шаҳлову Алишер ҳамсинф буданд, вале баъди синфи нуҳ падару модараш Шаҳлоро аз мактаб гирифтанд. Шаҳло медонист, ки зораву таваллояш барои идома додани хонданаш бефоида аст, чунки падару модари ба таври худ диндораш ӯро намефаҳмиданд: «Духтар хонда чӣ мешавад?! Ана, чӣ қадар духтарҳои хондагӣ бекор дар хона нишастаанд. Беҳтараш дар хона нишаста, ба корҳои модарат ёрӣ расон» гӯён, падари домуллояш дигар аз хона баромадан намонд.

Алишер, ки аз кӯдакӣ ба Шаҳло ҳусни таваҷҷуҳ дошт, акнун фариштаи орзуҳояшро қариб ки намедид. Мабодо тасодуфан дар кӯча рӯ ба рӯ шаванд, аз дидани ӯ дилаш шоду чеҳрааш хандон мегашт. Ҳис мекард, ки Шаҳло низ аз дидани ӯ хурсанд мешавад.

Азоби муҳоҷират

Пас аз хатми мактаби миёна Алишер ба Россия рафт. Бечора бача, то кор ёфтан чӣ қадар азобҳо кашид. Азбаски забони русиро хуб намедонисту ягон касбу ихтисос надошт, ӯро дар ягон ҷой ба кор намегирифтанд. Бо ёрию дастгирии ҳамдеҳагонаш дар як сохтмон ба кор даромад, вале аз уҳдаи кори душвор баромада натавонист. Вай дар сохтмон бо ароба барои сохтмончиҳо қуму шағал мекашонд. Аз зӯрии кор рӯзҳои аввал тамоми устухонҳои баданаш ба дард медаромаданд. Баъзан аз рафиқонаш пинҳонӣ гиря ҳам мекард. Аз омаданаш ба Россия пушаймон шуда буд, вале илоҷи дигар надошт. Ақаллан камтар маблағ кор карда, баъд ба назди падару модараш баргаштан мехост, то шарманда нашавад. Охир, дасти холӣ чӣ тавр ба деҳа, ба хонаашон бармегашт?!

Хостгорӣ

Баробари саршавии фасли сармои зимистон Алишер ба Ватан баргашт. Падару модар аз тарси он ки боз писарашон ба Русия наравад, дарҳол аз паи хонадор кардани ӯ шуда, бо хоҳиши Алишер ба хонаи Шаҳлоино хостгорӣ рафтанд. Падари Шаҳло, мулло Сафар дарҳол розигӣ дод. Гӯсфанди калонеро кушта, фотиҳатӯйро гузаронданд. Шаҳлову Алишер аз шодӣ дар куртаҳояшон намеғунҷиданд, вале…

Т. АЗИЗ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД