Як тӯйи арӯсӣ, аниқтараш садои мусиқие, ки дар рафти чорабинӣ танинандоз буд, дар мавзеи шаҳри ҳиндии Баласор боиси марги 63 мурғ дар фабрикаи мурғпарварӣ гаштааст. Тавре соҳиби фабрикаи мурғпарварӣ мегӯяд, дар наздикии онҳо тӯйи арӯсӣ баргузор мегашт. Садои мусиқӣ хеле баланд ба гӯш расида, мурғҳоро безобита менамуд. Вақте мард аз соҳибони тӯй хоҳиш мекунад, ки каме садои мусиқиро пасттар кунанд, дӯстони домод ба сараш дод гуфта, мусиқиро боз баландтар мекунанд. Баъди ба анҷом расидани тӯй соҳиби фабрика мурғҳои худро дар рӯйи замин мурда дида, дарҳол байторонро даъват мекунад. Байторон дар марги мурғҳо тӯйдоронро гунаҳкор мешуморанд, зеро маҳз садои баланди мусиқӣ сабаби дилкафак шудани паррандагон гаштааст.