Formula novemver 2024
ТӮЯТРО ВАЙРОН МЕКУНАМ, ФАРАНГИС!
11.04.2021
ОИЛА
4295

 

Фарангис! Магар ту ҳамон духтаре нестӣ, ки ҳамеша таваллокунон «келини нозбардори очаат мешавам, агар маро ба занӣ гирӣ» мегуфтӣ. Ба ту чӣ шуд, ки як сол дар донишгоҳ нахонда, аллакай ёри нав ёфтӣ?! Магар ман кӯҳна шудам, ки ёри нават форид духтар?!

Ишқи маро рад карда бо дигар кас хонадор шавӣ, тӯятро ба мотам табдил медиҳам! Маросими никоҳатро вайрон накунам, номам Маъруфи ошиқ набошад! Ба модарат расон, ки хешбачаашро бо умед накунад. Фикри бо дигар кас хонадор кардани туро аз сараш дур кунад, вагарна рӯзаш сиёҳ мешавад! Фикр кардӣ, ки ман дар деҳааму аз рафтору кирдори туву модарат бехабар мемонам?! 
Хобатро ба об гӯй духтар, чӣ коре, ки мекунӣ, дарҳол хабараш ба ман мерасад. Мудом дар таҳти назорат ҳастӣ, бо кӣ гап мезаниву бо кӣ мулоқот мекунӣ, ҳамаашро медонам. Дар дили ман танҳо ишқи ту ҷой гирифтааст Фарангис, агар беақлӣ кунӣ, рӯзатро тиратар аз шоми тор мегардонам! Дар куҷое, ки набошӣ маро фаромӯш накун, чунки ту ё насиби Маъруфҷон мешавӣ ё насиби хоки гӯр! Ишқи ҷавони дигареро дар дилат ҷой карда, ҳам худат ва ҳам маро ба фоҷиа тела надеҳ, ки оқибаташ хунин хоҳад гашт. Ба сарат бало нахар, Фарангис! Имрӯз ё пагоҳ хостгоронамро равон мекунам. Қасри хушбахтиро орзу дошта бошӣ, розигӣ деҳ, то ҳарду аз шириниҳои зиндагӣ лаззат барем!

Сиёвуш аз н. Ҷиликӯл

                  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД